Шараф Шерализода, ки ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Суис (Швейтсария) ифои вазифа мекард,  ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Испания таъин гардид. Дар ин бора, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дирӯз, 30-юми июн фармон ба имзо расонид.

Шараф Шерализода 31-уми майи соли 2023 ба вазифаи сафири Тоҷикистон дар Суис таъин гардида буд ва ду соли қабл аз сафирӣ дар вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон фаъолият мекард.

Ӯ 29-уми апрели соли 1981 ба дунё омада, соли 2002 Донишкадаи давлатии андоз ва ҳуқуқ, соли 2010 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2017 Донишгоҳи Филиппинро хатм кардааст.

Фаъолияти ӯ соли 2002 дар Бонки давлатии “Амонатбонк” оғоз гардида, аз соли 2004 ҳамчун мутахассиси пешбари бахши омори демографӣ ва шуғли аҳолии Агентии омор ба фаъолият пардохтааст.

Баъдан ду сол иқтисодчии калони истгоҳи “Душанбе-1”-и ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” буд. Солҳои минбаъда дар Дастгоҳи иҷроияи президент ва НБО “Роғун” дар бахши молия фаъолият карда, соли 2013 директори корхонаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ”-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъин гардид ва ду сол дар ин вазифа буд.

Баъдан, солҳои 2015 то 2017 ҳамчун муовини директори иҷроия дар Шӯрои директорони Бонки Рушди Осиё дар Филиппин кор кардааст.

Солҳои 2018–2019 роҳбари котиботи Шӯрои машваратии назди президенти Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва солҳои 2019–2021 муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ буд.

Шараф Шерализода аз 27-уми апрели соли 2021 дар вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Ӯ соли 2023 сафири Тоҷикистон дар Суис, ҳамзамон Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилоти байналмилалии дигар дар Женева таъин гардида буд. Акнун ӯ расман сафири Тоҷикистон дар Испания низ аст.

Ёдрас мешавем, ки қаблан Ҷамшед Ҳомидов сафири Тоҷикистон дар Испания буд ва соли 2023 бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин вазифа озод шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.