Тери Ҳакала, фиристодаи вежаи раёсати Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки рӯзи 11-уми сентябр ба Тоҷикистон омад, бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷа, Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) ва Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон (КҲФ) гуфтугӯ кардааст.
Дар вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Тери Ҳакала ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби САҲА, татбиқи лоиҳаҳо дар се ченаки фаъолияти созмон, бахусус дар самти муқовимати муштарак алайҳи чолишҳои муосир, тағйирёбии иқлим, терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷиноят барарсӣ шудаанд.
Дар мулоқоти Умед Бобозода бо Тери Ҳакала масъалаҳои пешбурди ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таҳкими ҳамкориҳои САҲА бо Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ баррасӣ гардидаанд.
Дар дидори намояндаи САҲА бо раиси КҲФ ҳамкориҳои дуҷониба муҳокима шуда, дар мавриди ҳамкориҳои минбаъда изҳори назар сурат гирифтааст.
Сафари Тери Ҳакала дар Тоҷикистон то 13-уми сентябр идома ёфта, дар ҷараёни он ӯ бо мансабдорони давлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикон мулоқот хоҳад кард.
Дар ин вохӯриҳо пешрафт дар иҷрои вазифаҳои муштараки САҲА, инчунин, ҳамкорӣ барои таҳкими амнияти сарҳадӣ, коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ҳуқуқи инсон ва баробарии гендерӣ дар Тоҷикистон баррасӣ хоҳанд шуд.
Ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА аз соли 1994 оғоз ёфт. Намояндагии ин созмон дар кишвар 17 феврали соли 1994 ифтитоҳ гардид ва соли 2008 Маркази САҲА ба Дафтари САҲА дар Тоҷикистон тағйири ном кард.
Ин созмон аз соли 2000 ба ин тараф интихоби президентӣ ва парлумонии Тоҷикистонро назоратӣ мекунад. Вале соли равон эълон кард, барои назорати интихоботи парлумонӣ ба Тоҷикистон нозирони худро намефиристад ва онро назорат намекунад. Он замон Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки “онҳо аз пеши худ таърихи сабтином муайян карданд” ва аз ин рӯ, Тоҷикистон натавонист онҳоро дар ин рӯзҳо ба қайд гирад.





Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста