Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар мулоқот бо сокинони шаҳри Хоруғ дар варзишгоҳи марказии таҷдидшуда президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафари корӣ ба Бадахшон натиҷагирӣ намуд.

Ӯ қайд кард, ки дар деҳаи Бардараи ноҳияи Рӯшон як нерӯгоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори 160 киловатт, ки арзиши сохтмони он 600 ҳазор сомонӣ мебошад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар робита ба ин масъала ӯ ҳамучунин хотиррасон сохт, кидар Бадахшон нерӯгоҳи барқи обии Помир-1, инчунин 35 нерӯгоҳи хурди барқиро сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳоло корҳои сохтмони як қатор нерӯгоҳҳои хурди барқӣ, аз ҷумла нерӯгоҳи «Ширг» воқеъ дар ноҳияи Дарвоз, ки 1260 киловатт иқтидор дошта, чанде пештар бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ гардид, идома доранд. Ин нерӯгоҳ моҳи октябри соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад, ки он 80 фоизи ҳудуди Дарвозро бо барқ таъмин хоҳад кард.

Э.Раҳмон баён дошт, ки ҳоло мо дар даҳҳо мактабҳои олии кишварҳои дуру наздики хориҷӣ барои ояндаи ватанамон мутахассис тайёр карда истодаем. Танҳо дар соли хониши 2007-2008 аз Тоҷикистон 436 нафар донишҷӯён ва аспиранту докторантҳо ба хориҷи кишвар барои таҳсил ва пешбурди корҳои илмӣ фиристода шуданд, ки 34 нафари онҳо зодагони Бадахшон мебошанд. Имрӯз дар вилоят 320 мактаби таҳсилоти умумӣ ва 18 интернати наздимактабӣ фаъолият мекунанд, ки онҳо дорои 1670 компютер мебошанд. Бояд гуфт, ки зиёда аз 1200 адади он аз ҳисоби Фонди захиравии Президент ҷудо карда шудааст.

Дар мактабҳои вилоят ҳоло ба 16 хонанда як компютер рост меояд, ки ин ҳанӯз кам аст. Мо кӯшиш дорем, ки дар оянда низ барои иҷрои барномаи компютерикунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ миқдори зарурии компютерҳоро ҷудо намоем.  

«Ҳавзаҳои бисёр дарёву рӯдхонаҳои минтақа маҳз аз кӯҳҳои осмонбӯси Помир шодоб мегарданд ва кӯли Сарез метавонад минтақаи Осиёи Марказиро бо 50 миллион нафар аҳолии он абадӣ аз оби тозаи ошомиданӣ таъмин намояд. Аз ин рӯ, итминон дорам, ки ҳамаи шумо -   мардуми сарбаланди вилоят низ баробари тамоми халқи Тоҷикистон бо меҳнати бунёдкорона барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлатамон –таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқавории мамлакат, инчунин аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар саҳми арзанда ва муносиби худро мегузоред, идома дод сарвари давлат. - Имрӯз, бо вуҷуди як қатор мушкилоти мавҷуда дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 19 лоиҳаи инвеститсионӣ бо маблағи умумии 470 миллион сомонӣ амалӣ гардида истодааст, ки онҳо барои рушди соҳаи кишоварзӣ, ислоҳоти соҳаи маорифу тандурустӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо ва барқарор намудани шабакаҳои обёрӣ нигаронида шудаанд. Боварӣ дорам, ки баъди татбиқи ин лоиҳаҳо, ки асосан аз ҳисоби маблағгузории қарзӣ ва ҳиссагузории мустақими Ҳукумати Тоҷикистон амалӣ шуда истодаанд, симои шаҳру ноҳияҳои Бадахшон боз ҳам зебову ҷолибтар хоҳад шуд».

Сарвали давлат ёдовар шуд, ки сарзамини Бадахшон ва дигар водиҳои ҳосилхези Тоҷикистонро чун қадимтарин макони гандум ва дигар намудҳои ғалладонагӣ эътироф кардани ин олимон ва муҳаққиқони боиси ифтихор аст, вале дар баробари ин мо бояд ин сарзамини ҳосилхезу офтобӣ ва сероби хешро оқилона истифода барем, кишти такрорӣ, яъне аз як қитъаи замин ба даст овардани ду-се ҳосилро васеъ ба роҳ монем ва аз ҳар як ваҷаб замин фоида ба даст оварем.

Ӯ таъкид сохт, нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ ба як фоҷиаи бузурги миллӣ табдил ёфта, имрӯз он натанҳо ба саломативу тақдири ҷавонон, балки ҳатто ба генофонди миллат ва амнияти кишвар таҳдид менамояд ва аз ин рӯ, мо бояд бар зидди нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ муборизаи беамон бурда, барои насли солим ва тақдири ояндаи фарзандони худ масъулият эҳсос намоем.

Дар анҷоми суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар бузургони миллат аз зодагони Бадахшон, аз қабили ходимони намоёни сиёсиву фарҳангӣ Шириншо Шотемур, Назаршо Додхудоев, Моёншо Назаршоев, Баҳодур Искандаров, Ғуломҳайдар Ғуломалиев, Мирсаид Миршакар, Акашариф Ҷӯраев, Абдулло Назрӣ, Раҳим Масов, Мӯъмин Қаноат, Гурминҷ   Завқибеков ва бисёр дигарон номбардори миллати мо дар арсаи ҷаҳон ёдовар гардида, аз ҳамаи сокинон даъват ба ба амал овард, ки дар ҳама самтҳои ҳаёт - роҳсозиву сохтмон, бунёди иншооти бузурги саноатӣ ва гидроэнергетикӣ, кишоварзӣ ва боғдорӣ, инчунин рушди илму маориф ва фарҳанги миллӣ қудрату нерӯи худро дареғ надоранд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.