Душанбе. 23-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Соли 2010 тантанаҳои ҷумҳуриявии Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - шаҳри Хоруғ баргузор хоҳад гашт.
Дар ин бора ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон амр дод.
Хотиррасон бояд кард, ки ҷашни Ваҳдати миллии Тоҷикистон ҳар сол дар минтақаҳои гуногуни кишвар баргузор гашта, ба таъмини бештари робитаи сокинони ҳамаи гӯшаҳои Ватани азизи мо ва ҳамчунин ба ободу зебо гаштани шаҳру ноҳияҳо мусоидат мекунад.
Интизор меравад, ки дар зарфи ду соли оянда дар чаҳорчӯби омодагӣ ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ҳам дар доираи нақшаю барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳру ноҳияҳои ин минтақаи баландкӯҳи Тоҷикистони биҳиштосо хеле ободу зебо мегарданд. дар ин бора аз дафтари матбуоти срвари давлат хабар доданд.



Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста