Душанбе. 27-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар доираи иштирок дар чорабиниҳои Иҷлосияи 63-уми Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар Ню-Йорк президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боз якқатор мулоқот анҷом дод.
Дар вох
ӯ
р
ӣ
бо Дабири кулли СММ Пан Ги Мун масоили ҳамкории То
ҷ
икистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаю барномаҳои гуногуни он баррас
ӣ
шуд.
Сарвари давлат ба сатҳи ҳамкориҳо бо СММ баҳои баланд дода, ба он баҳри дастгирии То
ҷ
икистон дар бартараф кардани оқибатҳои зимистони вазнини гузашта арзи сипос намуд. Гуфтуг
ӯ
йи судманд оид ба дастгирии лоиҳаҳои инвеститсионии То
ҷ
икистон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти
ҷ
омеа аз
ҷ
умла баҳри сохтмони нер
ӯ
гоҳҳои хурду миёнаи об
ӣ
сурат гирифт.
Эмомал
ӣ
Раҳмон аз ташаббуси То
ҷ
икистон оид ба Конфронси байналмилал
ӣ
баҳри нати
ҷ
агир
ӣ
аз татбиқи нимаи якуми Даҳсолаи байналмилалии тадбирҳои «Об барои ҳаёт», ки бояд соли
2010 дар шаҳри Душанбе гузаронда шавад, ёдовар шуда, Пан Ги Мунро даъват намуд, ки дар он иштирок намояд.
Президенти Тоҷикистон ҳамчунин изҳор дошт, ки То
ҷ
икистон омода аст, Маркази муштараки ЭСКАТО ва ЕЭК-и Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили иқтисод
ӣ
дар Осиёи Марказиро дар ҳудуди худ
ҷ
ойгир кунад.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон ва афзоиши хатари терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфтуг
ӯ
сурат гирифт.
Ҳамчунин президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари ширкати «Тетис-Петролиум» Девид Робсон низ мулоқот орост.
Дар вохӯрӣ Девид Робсон ба Э.Раҳмон дар бораи рафти корҳои омӯзишию ҷустуҷӯйӣ дар конҳои газу нафти Комсомол ва минтақаҳои Балҷувону Кӯлоб ахбор дода, бо боварӣ изҳор дошт, ки то охири соли равон аз кони Комсомол бояд истихроҷ оғоз ёбад ва гази он ба таъминоти шаҳри Душанбе равона гардад.
Ба гуфти ӯ, баҳри вусъат додани корҳо дар ҳамаи минтақаҳои номбурда воридшавии техникаю таҷҳизоти зарурӣ идома дорад.
Сарвари давлати Тоҷикистон бо назардошти зарурати ҳаётан муҳими ин навъи сӯзишворӣ барои иқтисодиёт ва аҳолии Тоҷикистон роҳбари ширкати амрикоии «Тетис-Петролиум»-ро ба баланд бардоштани суръат ва сифати корҳо ҳидоят намуд. Зимни сӯҳбат дурнамои фаъолияти ин ширкат дар Тоҷикистон басо умедбахш арзёбӣ гардид.
Шоми дирӯз президенти Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Амрико ва соҳибкорони амрикоӣ них мулоқот кард. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.
“Ангеза ва тамоюли динӣ надоштанд”. Чаро мақомоти амнияти Русия се муҳоҷири ҷавони тоҷикро ба қатл расониданд?
“Бани одам аъзои якдигаранд...”. Таҷлили Рӯзи бузургдошти Саъдии Шерозӣ дар сафорати Эрон дар Душанбе
Мусодираи таппончаҳо ва норинҷаки таълимӣ. Боздошти падару писар дар пайи муноқиша бо кормандони пулис
Эълони тамдиди муҳлати қонунигардонии будубоши муҳоҷирон дар Русия
Музокироти Эрону Амрико бар сари барномаи ҳастаӣ. Созиш ё ҷанг?
450 шатранҷбоз аз 13 кишвар. Гузориш аз мусобиқоти қаҳрамонии шатранҷ дар Душанбе
“Наям ман сустимони сабукбор!”. Ёде аз муаллим ва шоир Бобониёз Надиров
Аз роҳбари БДА то сардори милитсияи Конибодому Шоҳ Искандар. Сардорони чанд раёсати калидӣ ва шуъбаҳои ВКД дар минтақаҳо нав шуданд
Сел роҳҳоро баст ва шамол шифти хонаро барканд. Зарари офатҳои табиии 24 соати охир дар ВМКБ
Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти Попи Рум Франсиск
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста