Душанбе. 1-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми дирӯз аз шаҳри Қатар ҷониби пойтахти Яман – шаҳри Санъо роҳ пеш гирифт.
Тавре раҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар Яман дидору гуфтушуниди Э.Раҳмон бо мақомоти расмӣ ва мулоқоти ҳайати кишварҳо дар назар аст. Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин бо ҳамватаноне, ки феълан дар ин давлат қарор доранд, мулоқот хоҳад орост.
Ба қавли Д.Назриев, айни замон дар Яман 600 корманди тиббӣ аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. «Президент бо шароити будубоши онҳо аз наздик шинос гардида, ба суолҳои мавриди таваҷҷӯҳи онҳо посух хоҳад гуфт», - изҳор дошт ӯ. Фардо сарвари давлат ва ҳайати Тоҷикистон ба Ватан бармегарданд.



“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола
Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста