Душанбе. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз дар шаҳри Минск дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи нахустини Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори кишварҳои узви иттиҳод дар соли равон баргузор шуд.

            Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти кумита, дар ҷаласа масъалаи тақсими мансабҳо аз рӯи квотаҳои ҷудошуда мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокдорон тезонидани ҷараёни таъини намояндагонро ба мансабҳои квотавӣ мувофиқи мақсад донистанд.

            Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори кишварҳои узви ИДМ нақшаи кори шӯроро барои соли 2009 тасдиқ намуд. Дар давоми соли ҷорӣ ба масъалаи амалисозии чорабиниҳо мувофиқи Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ, татбиқи қарорҳо дар бахши сиёсати ҷавонон, фаъолияти сохторҳои байнисоҳавии иттиҳод, соҳаи амният ва мушкилоти мавҷудаи муҳоҷират таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад шуд.