Хоруғ. 28-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз дар сохторҳои давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як қатор тағйироти кадрӣ ба амал омад.

            Тавре аз дастгоҳи раиси ҳукумати ноҳия ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, собиқ раиси ноҳияи Рӯшон Хушқадам Хушқадамов раиси дастгоҳи ҳукумати вилоят, собиқ раиси ноҳияи Роштқалъа Пайкармо Алиева сардори Раёсати тандурустии вилоят ва Баҳодур Сулаймонов сардори Раёсати хоҷагии об ва мелиоратсияи таъин шуданд.

            Шодӣ Ҷамшедов ба вазифаи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шуғнон ва Қобиламо Ғуломшоева ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯшон таъин гардиданд.