Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Тибқи иттилои сарчашмаҳои огоҳи мақомоти сохтори давлатӣ, масъалаи иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишастҳои ғайринавбатии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки рӯзи 4-уми феврал дар шаҳри Маскав пешбинӣ шудааст, шояд то охири ҳамин рӯз муайян гардад.
Ба иттилои манбаъ аз дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, гурӯҳи кории масъул рӯи санадҳои зарурии сафари сарвари давлат ба Маскав, кишварҳои соҳили Балтика, Белгия ва Хорватия, ки дар нимаи моҳи феврал ба нақша гирифта шудаанд, рӯзҳои истироҳат кор карда, онҳоро пурра омода сохтааст.
Дар таърихи 31-уми январ як қатор оҷонсиҳои иттилоотии хориҷӣ бо истинод ба Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ маводеро интишор сохтанд, ки бинобар вазъи мушкили мавҷуда ба иллати бӯҳрони энергетикӣ дар Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сафарҳои дар даҳаи аввали моҳи феврал пешбинишударо мавқуф гузоштааст.
Ҷавобгарии ҷиноӣ барои "лайк" бекор шуд. Бо ин ҷурм ба зиндон рафтагон озод мешаванд?
Дарёфти ду ҷасад аз обҳои Тоҷикистон дар як рӯз
“Чаро барои хатои дигарон, мо пул диҳем?”. Ҷарима барои қоидавайронкунии ронандагони нақлиёти ҷамъиятиро кӣ бояд пардохт кунад?
Даромади умумии операторони алоқаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2025 зиёда аз 1,1 миллиард сомонӣ будааст
Озмоишҳо дар марзи Қазоқистону Русия: қиссаи як хонаводаи тоҷик, ки мехост ҳузурашро дар Русия қонунӣ кунад
6 миллиард рубл хисорот ва 500 ҷилд парванда. Бастрикин ҷузъиёти парвандаи ҳамла ба “Крокус”-ро гуфт
Аз намоиши “Рӯбоҳи ҳилагар” то рӯнамоии маҷмӯаи “Килки сабз”. Дар Душанбе иди кӯдакон чӣ гуна таҷлил мегардад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 3
Андоз аз воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон зиёд гардид. Муоинаи техникӣ ҳам гарон шуд (КАЛКУЛЯТОР)
Ҳалокати писарбачаи 2-сола дар кӯдакистони Душанбе. Мураббӣ боздошт шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста