Душанбе. 14-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Имр ӯ з Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон аз як гур ӯ ҳ корхонаҳои саноат ӣ ва ширкатҳои ти ҷ оратию туристии минтақаи озоди Киши Ҷ умҳурии Исломии Эрон, ки худ як ҷ азираи хурдакак дар Хали ҷ и Форс аст, боздид кард.

Боздид аз идораи маъмурии марказ, ки Созмони минтақаи озоди Киш номида мешавад, оғоз ёфт.

Зимни с ӯ ҳбату шиносо ӣ бо шароити фаъолияти ин минтақаи озоди иқтисод ӣ , аз ҷ умла зикр гардид, ки дарозию паҳноии ҷ азираи Киш аз шарқ ба ғарб 15,5 ва аз шимол ба ҷ ануб наздики 8 километр аст ва он асосан минтақаи туризму фароғат мебошад.

Минтақаи озоди Киш дорои терминалу шабакаҳои муосири нақлиёти баҳр ӣ , замин ӣ ва ҳаво ӣ мебошад.

Ширкатҳои дохилию хори ҷ ии сармоягузор бо имтиёзу сабукиҳои зиёд ташвиқу дастгир ӣ меёбанд. Аз ҷ умла корхонаҳои истеҳсол ӣ дар 5 соли аввали фаъолият аз супурдани тамоми андозҳо озоданд.

Барои беҳ намудани инфрасохтори зарурии истеҳсол ӣ , ти ҷ ор ӣ , хизматрасон ӣ ва ғайра ба ҳисоби миёна ҳамасола ба ин минтақа ҳудуди 500 миллион доллари амрико ӣ сармоягузор ӣ карда мешавад.

Дар ин минтақа умуман аз маблағҳои бу ҷ ети давлат ӣ истифода намешавад. Он куллан аз ҳисоби сармоягузорони дохилию хори ҷ ӣ фаъолият мекунад.

Айни ҳол дар ҷ азираи Киш 5 шаҳраки саноат ӣ , намояндагиҳо ва ё шуъбаҳои 6 ҳазор ширкат ва 72 бонк пурсамар фаъолият мекунанд. 46 меҳмонхонаи ҳозиразамон   бо 10 ҳазор тахти хоб кор мекунанд ва 16 - тои дигар дар ҳоли сохтмон қарор доранд.

Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон зимни с ӯ ҳбатҳо бо оҳбарону масъулони минтақаи озоди Киш ва корхонаю ширкатҳои воқеъ дар ин ҷ азира ба қарор омаданд, ки дар роҳандозии минтақаҳои озоди иқтисодии То ҷ икистон, рушди равобити турист ӣ , хусусан туризми к ӯ ҳию   осоишгоҳ ӣ ва омодасозии кадрҳои ин соҳаҳо ҳамкориҳои васеъ ба роҳ монанд.

Зимни с ӯ ҳбатҳо бо хушнуд ӣ зикр гардид, ки айни ҳол зиёда аз 3000 дониш ҷ ӯ и эрон ӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои То ҷ икистон таҳсили илм мекунанд ва ин нишона аз сатҳи баланди илмом ӯ з ӣ дар муассисаҳои илмию таълимии кишвари мо, пеш аз ҳама дар муассисаҳои тибб ӣ арзёб ӣ гардид.

Ба гуфти Сафири фавқулодда ва мухтори   Ҷ умҳурии Исломии Эрон дар То ҷ икистон Алиасғари Шеърд ӯ ст чанд сол пеш дар То ҷ икистон ҳамаг ӣ наздики 40 нафар дониш ҷ ӯ ёни эрон ӣ таҳсили илм мекарданд.

Ҳарду ҷ ониб ву ҷ уди имкону захираҳои васеи густариши равобитро таъкид намуда, баҳри ташкил ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд ҳавасмандии зиёд изҳор доштанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.