Душанбе. 27-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон Даниал Ахметовро, ки бо сафари расмии дурӯза ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Қазоқистон дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд.

Сарвари давлат аз сатҳу мазмуни ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ба роҳбарияти давлати Қазоқистон барои кӯмакҳои зиёди бародарона, аз ҷумла ба Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон арзи сипос намуд.

Гуфтугӯйи судманд оид ба зарурати густариши ҳамкориҳо дар омодасозии кадрҳо, мубодилаи таҷрибаю иттилоот дар мубориза бо терроризму экстремизм ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ сурат гирифт.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон ва дурнамои рушди он гуфутугӯ сурат гирифт. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.