Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии Сарони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон сафар кард.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии   президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Дар фурудгоҳи пойтахт президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ва дигар ашхоси расмӣ гусел намуданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.