Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар иҷлосияи имрӯза аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистонро маъқул шумориданд.

Узви палата Нуриддин Саидов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки мутобиқи ин тағйирот, минбаъд барои созмон додан ва роҳандозии фаъолияти таълимгоҳҳои ғайриқонунии динӣ, ки моҳияти ифротгароӣ доранд, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи вазири корҳои дохилии кишвар Абдураҳим Қаҳҳоров, барои шаҳрвандони дар ин амалҳо дастдошта ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 5 то 12 сол пешбинӣ шудааст.

«Мутобиқи тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, барои созмондиҳандагон ва иштирокчиёни фаъоли тазоҳурот, гирдиҳамойӣ ва роҳпаймоиҳои осоиштаи ғайриқонунӣ ҷазои аз 2 то 5 соли зиндон муқаррар гардидааст», - зикр кард А.Қаҳҳоров.

Аъзои палатаи болоии парлумон ҳамчунин тағйироти пешниҳодшуда ба Кодекси мурофиавӣ-ҷиноии ҶТ-ро, ки минбаъд бар асоси маводи интишорёфта дар ВАО боз кардани парвандаи ҷиноиро пешбинӣ менамояд, низ маъқул шумориданд.

«Албатта, агар дар чунин мавод далелҳои қотеъонаи исботи риоя накардани қонунгузорӣ аз ҷониби шахсони воқеъӣ ё ҳуқуқӣ мавҷуд бошад», - шарҳ дод ин масъаларо Н.Саидов.