Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вакилони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд»-ро якдилона ва бидуни баррасӣ ба тасвиб расониданд.

Дар суханронии худ роҷеъ ба ин масъала узви палатаи болоии парлумони кишвар, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Убайдулло Қурбонов изҳор кард, ки «сарусадоҳои атрофи ин қонун эҷодкардаи ВАО ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳеҷ асосе надоранд». «Моддаи 14-и ин қонун, ки муносибати насли наврас бо ташкилотҳои диниро танзим мекунад, ҳуқуқҳои конститутсионии ҷавоноро поймол накарда, баръакс аз онҳо дифоъ менамояд», - гуфт ӯ.

Раиси палатаи болоии парлумони кишвар Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр кард, ки қабули қонуни мазкур гувоҳи он аст, ки «намояндагони парлумони ҷумҳурӣ ба қабули қонунҳое, ки дар таҷрибаи қонунгузории ҷаҳонӣ мавҷуд нестанд, идома медиҳанд». «Ман мӯътақидам, ки ин қонун пеш аз ҳама ба ҳифзи манфиатҳои насли наврас нигаронида шудааст», - таъкид кард М.Убайдуллоев.

Лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 14-уми декабри соли 2010 ба баррасии умумихалқӣ пешниҳод шуд. Ташаббускори таҳияву коркарди қонуни мазкур президенти Тоҷикистон аст.