Душанбе. 28-уми июл. «Азия-Плюс» — | Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев роҳбари гурӯҳи парламентии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Лорд Вейверлиро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташиф овардааст ва cафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Тревор Мурро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси палатаи болоии парлумон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ Шавкат Саидов хабар дод, дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев Лорд Вейверлиро самимона шодбош намуда, таъкид ва изҳори боварӣ кард, ки сафари навбатӣ, ки дар доираи Ёддошти тафоҳуми миёни гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гурӯҳи парламентии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба Тоҷикистон 16-уми ноябри соли 2009 ба имзорасида анҷом мегирад, дар рушди муносибатҳои байнипарламентӣ самараи нек медиҳанд. Дар робита ба ин ӯ зикр сохт, ки саҳми мавсуф дар густариши робитаҳои байнипарламентии кишварҳо хело муассир буда, нахустин сафари ҳайати бонуфзуи парламентии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2010 таҳти Роҳбарияти Маҷлиси миллӣ ба Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ сурат гирифта, собитгари таҳкимёбии ҳамкориҳо мебошад.

Ҷаноби лорд Вейверлӣ бо сипосмандӣ аз пазироӣ зикр сохт, ки сафари анҷомдодаи Раиси Маҷлиси миллӣ ба Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ баҳри муаррифии Тоҷикистон дар парлумони ин кишвар ва сохторҳои ҳукумативу бахши хусусӣ самараи нек дода, дар ҳалли масъалаҳои зимни сафар матраҳгардида имрӯзҳо корҳои мушаххас роҳандозӣ шудаанд.

Дар ин зимн лорд Вейверлӣ паёми шодбошии Спикери Палатаи Лордҳо хонум Баронесса Де Зура ва Спикери Палати Обшин ҷаноби Ҷон Берковро унвонии Маҳмадсаид Убайдуллоев баён дошта, зикр сохт, ки дар доираи сафари мазкур мувофиқ ба мавқеъгириҳои ҷониби Тоҷикистон, масъалаҳои ҷалби бахши иқтисод ва тиҷорати Британияи Кабирро дар лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон, кушодани филиали донишгоҳҳои олӣ ва инчунин таъсиси литсейҳои тоҷикиву британиро дар Тоҷикистон матраҳ хоҳад кард. Инчунин афзуд, ки бо истифода аз ваколатҳои ба зимма доштааш ҷиҳати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои доманфарохи иқтисодию тиҷоратӣ, гуманитарӣ ва густариши муносибатҳои байнипарламентии ду ҷониб ва тавассути он мусоидат намудан ба густурдагии муносибати Маҷлиси миллӣ бо Парламенти Британияи Кабир тадбирҳои судмандро анҷом хоҳад дод.

Зимнан ӯ изҳори боварӣ кард, ки фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентии миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парламенти Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ минбаъд низ ҳадафрас хоҳад буд.

Сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Тревор Мур зимни мулоқот таъкид дошт, ки дар асоси пешниҳоди Тоҷикистон Ҳукумати Британияи Кабир баррасии Созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию илмӣ-техникӣ, қадргардонӣ ва ҳимояи дуҷонибаи сармоя, парҳез намудан аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андозҳо аз даромад ва сармояро дар аввали соли 2012 тарҳрезӣ кардааст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҷонибдорӣ аз иқдомоти пайгиришаванда аз ҷумла зикр сохт, ки таъсиси литсейҳо ва филиали донишгоҳҳои британӣ бо омӯзиши забони англисӣ ҷавобгӯи Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон аст, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2003 тасдиқ гардида, феълан мавриди иҷроиш мебошад. -

 Дар ин равобит бобати омӯзиши мукаммали масъалаҳо гурӯҳи мушаххаси корӣ аз ҳисоби сохторҳои дахлдор таъсис дода шуд, ки имрӯз дар Мачлиси миллӣ фаъолияташро идома хоҳад дод.