Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «НОБ-и Роғун» Нурулло Шулашов аз вазифааш сабукдӯш карда шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, директори генралии нави ҶСК «НОБ-и Роғун» собиқ директори нерӯгоҳи «Норак» Фазлиддин Шоиддинов таъин карда шудааст.

Ф.Шоиддинов дорои маълумоти олӣ дар соҳаи энергетика буда, узви палатаи болоии парулмони Тоҷикистон мебошад.