Аз тағйиротҳои нав дар сохтори кадрии ҳукумати кишвар маълумоти тоза расид. Ҳамин тариқ, бо фармони президент Матлубхон Давлатов, ки то ин дам ба ҳайси роҳбари Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ифои вазифа мекард, ба вазифаи муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ таъин карда шуд.

Роҳбарии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ба дӯши Бахтиёр Худоёров, ки сарварии Вазорати адлияро бар дӯш дошт, вогузор гардид.

Ёдрас мекунем, ки курсии муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон пас аз марги нобаҳангоми Асадулло Ғуломов дар моҳи августи соли 2011 муддати чанд моҳ холӣ буд.