Абдураҳим Қаҳҳоров аз вазифаи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон сабукдӯш гардид. Қаҳҳоров сарварии Шӯрои амнияти ҷумҳуриро ба ӯҳда хоҳад гирифт. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов вазири нави корҳои дохилии Тоҷикистон таъин карда шуд. Имрӯз дар вазорат ӯ дар мансаби нав муаррифӣ карда хоҳад шуд.