Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ дар баробари баррасии лоиҳаҳои қонунҳои дигар, тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» маъқул шуморида шуд.

Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ хабар доданд, лоиҳаи қонуни мазкурро ба вакилон директори Агентӣ Рустам Назаров ва намояндаи мардум дар парлумон Саттор Холов муаррифӣ намуданд.

Зимни суханронӣ Рустам Назаров зикр кард, ки лоиҳаи қонун бо супориши сарвари давлат бо мақсади такмили баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ, мусодираву нобуд сохтани маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ва ҳамчунин асбобу таҷҳизоти истеҳсоли он таҳия гардид.

«Лоиҳаи ин қонун барои таҳия намудани лоиҳаи «Тартиби баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва нобуд сохтани воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропие, ки аз муомилоти ғайриқонунӣ гирифта шудаанд» ва асбобу таҷҳизоти истеҳсоли он заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меоварад», - гуфтанд дар Агентӣ.