Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба палатаи поёнии парлумон оид ба аз вазифа озод кардани сараудитори Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ Ашӯралӣ Мирзоев «бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан» пешниҳод ирсол намуд.

Бино ба маълумоти як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони кишвар, сарвари давлат ҳамзамон ба вакилон пешниҳод кардааст, ки ба ин мансаб Назаралӣ Файзалиев таъин карда шавад. Н.Файзалиев дар мансабҳои роҳбарии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд ифои вазифа мекунад.

Ба иттилои манбаъ, баррасии пешниҳодоти сарвари давлат ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми МНМО ҶТ даъвати чорум ворид гардид, ки пагоҳ, 24-уми апрел баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки мақоми олии давлатӣ дар соҳаи назорати молия – Палатаи ҳисоби ҶТ тобистони соли 2011 таъсис дода шуд. Палатаи ҳисоб ба сарвари давлат ва парлумони кишвар ҳисоботдеҳ аст.

Мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, сараудиторони Палатаи ҳисоб бо пешниҳоди президент аз ҷониби палатаи поёнии парлумон ба муҳлати ҳафт сол таъин шуда, як нафар ҳуқуқ надорад, ки бештар аз ду мӯҳлат ба ин мансаб таъин гардад.