Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ тағйироту иловаи пешниҳошуда аз ҷониби ҳукумат ба Кодекси меҳнати Тоҷикистонро якдилона дастгирӣ намуданд .

Зимни шарҳи масъалаи мазкур ба вакилон вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов изҳор кард, ки мувофиқи тағйирот, тамоми хизматчиёни давлатие, ки дар як муддати муайян дар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ мансаберо ишғол мекунанд, ҳатман ҷой иваз мекунанд.

«Мақсад аз пешниҳоди лоиҳа бо меъёрҳои Кодекси меҳнат мувофиқ гардонидани ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ ҳамчун василаи пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ дар мақомоти давлатӣ мебошад», - гуфт вазир.

Дар идома ӯ таъкид дошт, ки дараҷаҳои хизматчиёни давлатӣ ва муҳлати ҳадди ниҳоии ишғоли вазифаҳои давлатӣ аз ҷониби онҳоро ҳукумати ҷумҳурӣ муайян мекунад.