Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Финландия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя бидуни баррасӣ ва якдилона тасдиқ гардид.

Созишномаи мазкур 24 октябри соли 2012 дар шаҳри Хелсинки зимни сафари сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Финландия ба имзо расида буд.

Зимни шарҳи ҷузъиёти созишнома ба вакилон вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳори итминон кард, ки пас аз тасдиқи он дар парлумонҳои ҳарду кишвар муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Финландия дар бахшҳои иқтисоду гидроэнергетика, сайёҳиву кишоварзӣ ва саноати кӯҳкорӣ густариш хоҳанд ёфт.

«То имрӯз ҳукумати мо бо 25 кишвари дунё чунин созишномаҳо ба тасвиб расонида, таҷриба гувоҳи он аст, ки онҳо ба афзоиши ҳаҷми муомилоти молӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ мусоидат мекунанд», - таъкид дошт вазир.