Нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов бо мақсади  шиносоӣ аз фаъолияти корхонаҳо, низоми иншооти муҳими комуникатсионию энергетикӣ,  аз ҷумла шабакаҳои барқию обрасонӣ ва рафти сохтмони як қатор иншооти дигари  хоҷагии халқ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, сафари кории сарвазири мамлакат  аз ҶСК “Фоняғноб” оғоз ёфт. Оқил Оқилов бо кӯҳканони ин кони калонтарини ангишт дар ҷумҳурӣ мулоқот ороста, зимни сӯҳбат бо  масъулини  соҳа таъкид сохт, ки  сифати истеҳсолу истихроҷи ангиштро боз ҳам беҳтар намоянд.

Ҳамчунин Сарвазири  ҷумҳурӣ бо ҳолати истифодаи иншооти муҳими комуникатсионии даврони истиқлолияти мамлакат - нақби “Шаҳристон” шинос шуд.

Оқил Оқилов дар ноҳияи Ғончӣ аз “Зеристгоҳи барқии Суғд -500” низ дидан кард. Ӯ зимни шиносоӣ бо фаъолияти ин иншооти  ҳаётан муҳим ва сӯҳбат бо мутахассисон ва кормандони зеристгоҳ аз аҳмияти ин иншоот дар таъмини шимоли кишвар бо нерӯи барқ ёдовар шуда, барои дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани ин иншооти стратегӣ дастуру супоришоти мушаххас  дод.

Сарвазири ҷумҳурӣ  Оқил Оқилов бо рафти корҳои барқароркунии пули сойи “Ширинсой” дар роҳи  автомобилгарди Хуҷанд - Зафаробод низ шинос шуд. Мавриди зикр аст, ки ин пули мошингардро чанд сол муқаддам  сел  шуста буд ва ба ҷои он ҳоло сохтмони пули нав  оғоз ёфтааст.  Лоиҳаи пули  нав аз ҷониби мутахассисони  ватанӣ тарҳрезӣ  шуда, 45  метр дарозӣ ва 12 метр  бар дорад. Арзиши  лоиҳавии он 5 миллион сомонӣ буда, аз ҷониби Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ барои марҳилаи аввал 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ  маблағ  ҷудо шудааст.

Оқил Оқилов аз оғози  бунёди пули нав, ки барои ин минтақаи  вилоят  хеле  зарур аст, изҳори қаноатмандӣ карда, аз сохтмончиён  тақозо  намуд, ки ба сифати корҳо аҳмият диҳанд.

Сарвазири  ҷумҳурӣ Оқил Оқилов зимни шиносоӣ ва таҳқиқи ҳолати воқеии пойгоҳи  обкашии “Мирзочул-1” – и ноҳияи Зафаробод зикр дошт, ки бо дастгирӣ ва дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат  ҷиҳати мукаммалгардонии шабакаи  обрасонӣ, вусъати  корҳои мелиоративӣ бо дарназардошти таъмини амнияти озуқавориии мамлакат дар мавсими имсола тадбирҳои судманд амалӣ гардидаанд.

Аз ҷумла, соли равон ба ноҳияи Зафаробод аз буҷаи марказӣ 10,3 миллион сомонӣ  ҷудо  гардида, ба  пойгоҳи барқии обкашии “Мирзочул-1”  агрегати  нав харидорӣ карда  шуд, ки ҳаҷми обрасониро  зиёд ва боэътимод менамояд.  Дар ин маврид  зарурияти кори босамари  коргарону  мутахассисони пойгоҳҳои обкашӣ ва дар маҷмӯъ,  шабакаҳои хоҷагии обро хотиррасон шуда, ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба шароити корӣ, зиёд ва сари вақт пардохт намудани музди меҳнати коргарон  ба масъулин супориш дод.

Дар ҷараёни сафар ба ноҳияи Зафаробод Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов  бо  рафти кори фабрикаи ҷӯроббарории «Наврӯз»  низ шинос шуд. «Наврӯз» аз корхонахои навтаъсиси  ноҳия буда, аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд гардидааст.  Ҳоло 90 нафар дар инҷо  бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд. Минбаъд  бо бунёди  иктидорҳои нав шумораи онҳо ду баробар афзуда, то ба 200 нафар мерасад.

Бо истифодаи  хати навбатии технологӣ истеҳсоли  навъҳои гуногуни  ҷӯроб ба карат афзоиш ёфта, корхона  ҳаҷми содироти  маҳсулотро зиёд менамояд.