Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» дар таҳрири нав якдилона тасдиқ шуд.

Зимни шарҳи қонун ба вакилон муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Руҳулло Ҳакимов изҳор намуд, ки лоиҳаи нави қонун ҷорисозии меъёрҳои байнулмилалӣ дар баргузоии аудит, ташкил аудити дохилӣ ва масъулият барои риоя накардани қонунгузорӣ дар ин соҳаро дар назар дорад.

Ба гуфтаи вакил Сафаралӣ Гулов, лоиҳаи қонун дар таҳрири нав ба меъёрҳои байнулмилалӣ дар бахши фаъолияти аудиторӣ ҷавобгӯ буда, тартиби сабти номи ширкатҳои аудиторӣ, фаъолияти озодона ва мустақили онҳо ва сирҳои махфии аудитро мушаххас ва ҳамчунин ба рушди ин бахш ва баргузории аудити хушсифат мусоидат менамояд.

Сафаралӣ Гулов ҳамчунин гуфт, дар қонун зикр мегардад, ки аудитро танҳо аудитори дорои собиқаи корӣ ва озод аз доғи судӣ гузаронида метавонад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти МНМО ҶТ, дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ҳамчунин лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ” низ мавриди муҳокимаи вакилон қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 55 миллион тонна партовҳои радиоактиви саноати коркарди маъдани урандор ва беш аз ҳазор адад манбаъҳои афканишоти ионофари муҳлати истифодаашон ба итмом расида мавҷуданд. Тавассути  лоиҳаи Қонуни пешниҳодшуда муносибатҳои ҳуқуқии муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва ба меъёрҳову стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ намудани ҳолати маҳфузи ин партовҳо таъмин мегарданд. 

Вакилони лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ»- ро пас аз суханрониҳои вакилони  парлумон  Шодӣ Шабдолов ва Абдузафар Иномов қабул намуданд.