Пас аз бозгашт аз ИМА ҳукумати кишвар ба шоири саршиноси тоҷик Бозор Собир дар маҳаллаи Қарияи Болои пойтахт як манзили зист туҳфа кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дӯсти шоир Низом Қосим дар ин робита хабар дод, ҳангоми даъвати шоир ба ватан ҳукуматдорон ба ӯ ваъда дода буданд, ки ӯро бо манзил, нафақа ва дигар имтиёзҳо таъмин хоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 30-юми май пас аз мулоқот бо сарвари давлат Бозор Собир аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи хоссааш ба ӯ изҳори миннатдорӣ намуд.

«Мо бо президент суҳбати гуворову самимӣ ва дӯстона оростем. Ман аз ӯ миннатпазирам, ки маро дар Амрикои дур дарёфта, ба ватан даъват кард. Барои миннатпазир будани ман, ҳамин гуна таваҷҷуҳи хосса аз ҷониби сарвари давлат кофист», - иброз дошт шоир.

Бозор Собир зикр кард, ки тӯли солҳои гуногун ба Тоҷикистон омада, он замон ҳеҷ касе ба сафари ӯ монеъа эҷод накарда буд.

Сафари индафъаинаро Бозор Собир ғайриоддӣ мешуморад, «зеро ба сифати муҳоҷири тоҷик бо даъвати расмии президенти кишвар омадааст».

Шоир ҳамчунин изҳор намуд, ки қаблан низ аз ҷониби ҳукумати кишвар барои бозгашт даъват шудааст. «Ман аз ҷониби собиқ вазири корҳои хориҷӣ Талбак Назаров ба ватан даъват шуда, вале он замон барои бозгашти ман шароит он қадр созгор ва барвақт ҳам буд», - зикр кард ӯ.

Ба қавли шоир, он замон онҳо ҷиҳати фаро расидани шароити бештар мусоид ба мувофиқа расида, сипас дар суҳбатҳои телефонӣ низ ҳукуматдорон ӯро ба ватан даъват кардаанд. «Имрӯз он шароити созгор фаро расид ва ман бо хушнудӣ даъвати президентро пазируфтам», - афзуд Бозор Собир.

Шоири саршиноси тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ дар бахши адабиёт Бозор Собир рӯзи 27-уми май аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ватан баргашт.