Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз ташаббуси ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавриди таъсиси Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и “Кӯлоб” ҷонибдорӣ намуд.
Зимни суханронӣ доир ба ин масъала назди вакилон муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода изҳор намуд, ки сармоягузорон аз Чин ва кишварҳои узви ИДМ аллакай ба ин МОИ-и нав таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.
Бино ба гуфтаи ӯ, сармоягузорони Чин ба сохтмони корхонаи дӯзандагиву бофандагӣ (текстил) ва тоҷирон аз кишварҳои хориҷи наздик ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва маҳсулоти ғизойӣ дар қаламрави минтақаи озоди иқтисодии оянда дар Тоҷикистон омодагӣ изҳор кардаанд.
Ёдрас мекунем, ки дар ҷаласаи ҳукумати ҷумҳурӣ санаи 28 феврали соли ҷорӣ дар бораи таъсиси Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” қарор қабул шуд.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар қаламрави Тоҷикистон 4 минтақаи озоди иқтисодӣ – “Суғд”, “Данғара”, “Панҷ” ва “Ишкошим” амал мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Нархи карбамид дар Тоҷикистон ду баробар поин рафт
Дар Осиёи Марказӣ нисбат ба соли гузашта захираи об бештар шудааст
Размикори 5-уми тоҷик дар UFC: ӯ кист ва кай қарордод ба имзо мерасонад?
Шикояти 1200 муҳоҷири тоҷик оид ба нақзи ҳуқуқашон дар Русия ба сафорати Тоҷикистон
Дар баъзе кишварҳо дар робита ба ҳалокати президенти Эрон мотам эълон шуд
Чаро дар Тоҷикистон гӯшт ҳамеша қимат аст?
Аз “Лоиқхонӣ” то “Рӯзи шеъри тоҷик”. Дар Душанбе аз Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ ёд карданд
Тоҷикистону Қирғизистон амният дар марзро баррасӣ карданд
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳур ва вазири умури хориҷаи Эрон муайян шуд
Русия дар Тоҷикистон истеҳсоли дорувориро ба роҳ монданист
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста