Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қарор «Дар бораи танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш ва фаъолияти онҳо дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе», ки ҳанӯз моҳи феврали соли 2015 аз ҷониби собиқ раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба имзо расида буд, тағйирот ворид намуд.
Мувофиқи ин тағйирот, минбаъд автомашинаҳои боркаш, ки беш аз 10 тонна бору маҳсулот ҳамлу нақл мекунанд, аз соати 21:00 то 05:00-и субҳ дар шаҳри Душанбе ҳаракат карда метавонанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт.
Қаблан ин навъи автомашинаҳои боркаш аз соати 22:00 то 05:00-и субҳ дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт равуо мекарданд.
Бино ба гуфтаи манбаъ, ҳаракати автомашинаҳои боркаши гаронвазн рӯзона дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр манъ аст.
“Истисно танҳо ба мошинҳои боркаши ҷудогона амал мекунад, ки дар сохтмони иншооти муҳим барои шаҳр кор мекунанд ва дар ин хусус ба онҳо иҷозатномаи махсус дода мешавад”, - илова кард манбаъ.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон иваз шуд
Тоҷикистониён кадом расонаҳоро бештар пайгирӣ мекунанд?
Маоши кам сабаби тарки соҳа кардани мутахассисон дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ шудааст
Дар вилояти Курск кор дар таксиро барои муҳоҷирон манъ карданд
Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон “эҳтимоли табодули қитъаҳо” ҳангоми ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро истисно надонист
Интиқом барои террор дар “Крокус” ё чораҳои зиддитеррористӣ? Омили аслии бархӯрди шадиди Русия бо шаҳрвандони Тоҷикистон чист?
Сафири Амрико аз водии Рашт боздид кард
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири ИМА-ро ба ҳузур пазируфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста