Имрӯз, 7-уми ноябр дар шаҳри Сюрихи Конфедератсияи Швейтсария раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷеймӣ Флайро ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози мулоқот Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Ҳукумати ҶТ ба масоили озодии матбуот ва таъмини озодии сухан дар кишвар аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Вай афзуд, ки барои фароҳам овардани фазои озод ва муътадил ҷиҳати фаъолияти расонаҳои хабарии маҳаллӣ ва берунӣ кӯшишҳо ба харҷ дода мешавад.

“Хабарҳо доир ба қатъи фаъолияти Радиои Озодӣ дурӯғи маҳз аст. Имрӯз дар Тоҷикистон 18 нафар кормандони он ба қайд гирифта шудаанд ва озодона фаъолият мекунанд. Ҳол он ки дар баъзе аз кишварҳои собиқ шӯравӣ фаъолияти Радиои Озодӣ тамоман манъ шудааст”, - гуфтааст раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ӯ ҳамчунин таъкид кардааст, ки солҳои охир Радиои Озодӣ бештар ба ташвиқу тарғиби хабарҳои вобаста ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, ки бо қарори Суди олии ҶТ фаъолияташон манъ шудааст, машғул аст.

Дар мулоқот сарвари давлат қайд кардааст: “Ба ин гуна қонуншиканиҳо аз ҷониби кадом расонаҳои хабарие, ки набошад, новобаста аз шакли тобеияташон, роҳ дода намешавад. Фаъолияти ҳама гуна ВАО бояд қатъиян дар асоси қонунҳои Тоҷикистон, ба хусус дар асоси Қонуни ҶТ "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма" ба роҳ монда шавад”.

Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарияти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ талаб кардааст, ки “дар доираи фаъолият дар қаламрави Тоҷикистон ҳангоми инъикоси ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии кишвари мо ба таври воқеъбинона ва бо истифода аз афкори ҷомеаи шаҳрвандӣ мавод омода намоянд”.

1/3

“Дар кишвар беш аз 250 расонаи мустақили хабарии маҳаллӣ ва берунӣ, аз ҷумла, рӯзномаю маҷаллаҳо, радио, телевизионҳо ва агентиҳои иттилоотӣ фаъолият доранд”, - омадааст дар хабари торнамои Президенти ҶТ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.