Дар доираи нақша-чорабиниҳои шаҳрдории Душанбе рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда бо иштироки раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ (мавзеи маҷмааи “Наврӯзгоҳ”) ҳашари дарахтшинонӣ доир гардид.
Тавре дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар медиҳад, дар ҳошияи азнавсозии хиёбони Ҳофизи Шерозӣ тибқи нақша дар масоҳати 18 ҳазору 836 метри мураббаъ корҳои дарахтшинонию кабудизоркунӣ гузаронида шуда, аз ҷумла, 1363 бех дарахтони сирени ҳиндӣ, сливаи писардӣ ва клион шинонда шуданд.

“Дарахту буттаҳои аз хориҷи кишвар воридшуда ба иқлими шаҳри Душанбе мутобиқ буда, дар баробари зебову дилкаш буданашон, ба саломатии инсон ва тозагии муҳити экологии атроф низ таъсири мусбат мегузоранд”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, раиси шаҳр ба масъулин бобати риояи қоидаҳои зарурӣ ҳангоми интиқоли дарахту буттаҳо то ба кишвар, инчунин шинондан ва парвариши минбаъдаи онҳо дастур додааст.

Зикр мешавад, ки давоми ҳафтаи ҷорӣ дар ду самти кӯчаи Саъдии Шерозӣ наздики 400 бех дарахти шоҳбулут (дуб) шинонда шуд, ки парвариши минбаъдаи он зери назорат қарор дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола
Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста