Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба водии Рашт субҳи имрӯз ба ноҳияи Лахш ташриф овард.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Рашт бинои шуъбаи кишоварзии ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои шуъбаи бемориҳои сироятиии Беморхонаи марказии ноҳияи Лахш иштирок кард.

Сипас президент аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои сокинон боздид намуд. Дар ин ҷо намунаи ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ, маҳсулоти нонӣ ва дар маҷмуъ маҳсули дасти ҳунармандон ва дастовардҳои сокинони шаҳраку 9 деҳоти ноҳияи Лахш намоиш дода шуд.

Дирӯз зимни боздид аз ноҳияи Сангвор сарвари давлат зикр кард, ки тӯли 30 соли соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ҳукумати Тоҷикистон барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ин ноҳия беш аз 914 мл сомонӣ маблағ ҷудо кард.


Президент изҳор дошт, ки давоми солҳои 2021-2025 ҳукумати Тоҷикистон барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Сангвор 150 млн сомонӣ маблағ равона хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки то вохӯрӣ бо фаъолони ноҳия Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия иштирок карда, ба бунёди Муассисаи томактабии замонавии «Калидчаи Заррин» оғози расмӣ бахшид ва аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии деҳқонон боздид намуд.

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Нуробод, дар шаҳраки Дарбанд президенти кишвар ба фаъолияти марҳилаи якуми Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия оғози расмӣ бахшид.


Иншооти фарҳангӣ дар масоҳати умумии 12,6 гектар дар ду марҳила бунёд мегардад. Нахуст Сарвари давлат парда аз рӯйи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бардошта, ба фаъолияти ин иншооти фарҳангӣ, ки дар водии Рашт яке аз аввалинҳо шумурда мешавад, оғоз бахшид.


Ҳамчунин Пешвои миллат дар боғи мазкур Нишон ва Парчами давлатиро ифтитоҳ карда, чун рамзи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, ба сутунпояи онҳо гулчанбар гузошт. Қобил ба зикр аст, ки Нишони давлатӣ бо баландии 22 метр сохта шуда, сутунпояи Парчами миллӣ 50 метрро ташкил медиҳад.


Дар ноҳияи Нуробод Эмомалӣ Раҳмон инчунин аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзии ноҳия боздид намуд. Зимни боздид аз намоиши дастранҷи мардум ва ҳунармандони чирадасти ноҳияи Нуробод, президент бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом дод.

1/5

Дар ноҳияи Нуробод Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи боз як қатор иншооти дигар ҳузур дошт.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти ҶТ

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.