Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар маросими ба истифода додани манзилҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ иштирок кард.
Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, иншооти мазкур бо маблағгузории ҳукумати ҷумҳурӣ бунёд гардида, он аз 5 ошёна ва 48 манзили истиқоматӣ, аз ҷумла 16 якҳуҷрагӣ, 30 дуҳуҷрагӣ ва 2 манзили истиқоматии сеҳуҷрагӣ иборат мебошад.
Президент ба хизматчиёни давлатӣ калидҳои манзилҳоро супорида, онҳоро ба хизмати софдилона ба манфиати давлату миллат ҳидоят намуд.
Ҳамчунин дар ноҳияи Рашт президент имрӯз бинои маъмурии ҷамоати шаҳраки Навобод, муассисаи таҳсилоти рақами 35 дар деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзодаро ифтитоҳ намуд. Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Файзиддин Зиёвудинов бунёд шудааст.
Дар идома бо ҳузури сарвари давлат дар ноҳияи Рашт боғчаи «Ахтарак» ифтитоҳ гардид. Он аз тарафи оилаи Ахмедовҳо сохта шуда, дорои шароити замонавӣ барои ба таълими томактабӣ фаро гирифтани 100 кӯдак мебошад. Оянда дар ҳамин ҷо барои то 200 нафар навраси дигарро ба таълими томактабӣ фаро гирифтан имкон фароҳам оварда мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Дар шимоли Тоҷикистон корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Радабандии ҷаҳонии футзал аз ФИФА: Тоҷикистон дар қатори 50 кишвари аввал
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 декабри соли 2025
Дар Тоҷикистон қонуни манъи истифодаи сигорҳои электронӣ омода мешавад
Муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба зиндони абад маҳкум шуд
“Барқ доимӣ шавад”. Сокинон аз паёми имсолаи раисҷумҳур ба парлумон чӣ интизорӣ доранд?
Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ доданд
Алиризо Озмандиён, сухангӯи машҳури рушди шахсият ва тиҷорат бори аввал ба Тоҷикистон меояд
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми соли 2024 дода буд, иҷро нашуд ва чаро?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста