Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба ВМКБ 28 сентябр аз ноҳияи Шуғнон боздид намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президент ин ҷо нахуст дар маркази ноҳия-Шаҳраки Ваҳдат майдончаи муосири варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба варзишгарон туҳфаҳои хотиравӣ ва чанд адад тӯби футбол тақдим кард.
Тибқи маълумоти масъулони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, айни ҳол дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон як мактаби махсус ва 48 майдончаи хурди варзишӣ фаъолият мекунад.
Дар шаҳраки Ваҳдат президент як майдончаи варзишӣ ва маркази захиравиро ифтитоҳ кард, ки дар доираи ҳамкории судманди ҳукумати ҷумҳурӣ ва шарикони рушд бо харҷи наздики 100 ҳазор доллар сохта шудааст.
Маркази захиравӣ ва майдончаи варзишӣ аз анборхона иборат буда, дар он барои аз 50 то 100 нафар муосиртарин таҷҳизоти наҷотдиҳӣ, амволи рӯзгор барои аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида, дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулодда ҷой дода мешавад.
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон дар Шуғнон ба 35 нафар кӯдаки ятиму бепарастор ва маъюб туҳфаҳои идона тақдим кард.
Туҳфаҳои Президенти мамлакат аз сару либоси мактабӣ ва шириниҳо иборат буд.Ба ҳар кадоме аз онҳо китоби “Пешвои миллат” туҳфа карда шуд.
Бо ҳузури президент инчунин бинои нави маъмурии шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳамасола зиёда аз 200 нафар шахсони бешуғл дар шуъбаи Агентӣ ба касбомӯзӣ ҷалб шуда, нафарони бешуғл метавонанд дар муддати ду се моҳ соҳиби ихтисоси дӯстдоштаашон гарданд.
Сипас президенти мамлакат дар маркази ноҳияи Шуғнон ба корҳои бунёди Майдони Парчами давлатӣ оғоз бахшид. Дар ин ҷо бо харҷи 1,2 млн сомонӣ сутунпояи Парчами давлатӣ бо баландии 30 метр бунёд мегардад.
Дар фарҷоми сафари худ ба ноҳияи Шуғнон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ анҷом дод.
Зимни суханронӣ сарвари давлат бо арҷгузорӣ нисбат ба фарзандони баруманди миллат аз саҳми арзандаи яке аз шахсиятҳои шинохтаи таърихӣ, зодаи ноҳияи Шуғнон, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, ки барои ташкили давлатдории тоҷикон хизмати шоиста кардааст, ёдовар шуда, корномаи ӯро ифтихори мардуми ин диёр ва миллати тоҷик арзёбӣ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки аз ҷониби ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ барои корҳои сохтмони асосӣ ва рушди инфрасохтори ноҳияи Шуғнон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 1,9 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.
Бар замми ин, аз ҳисоби буҷети давлат барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия беш аз 530 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ноҳия 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист, роҳсозӣ, энергетика ва дигар бахшҳо ба маблағи 36 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 4 лоиҳаи дигар идома дорад. Ҳамчунин, дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Шуғнон барои солҳои 2016 - 2020-ум 63 лоиҳа ба маблағи 80 миллион сомонӣ анҷом дода шудааст.
Пас аз ин қариб тамоми аҳолии Шуғнон ба гусели Эмомалӣ Раҳмон баромаданд.
Имрӯз президент дар маросими ба истифода додани якчанд иншоот дар шаҳри Хоруғ иштирок мекунад. Шомгоҳон дар варзишгоҳи марказии Хоруғ бо иштироки президент ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон намоиши театришуда баргузор мешавад.
Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти ҶТ
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Дар шимоли Тоҷикистон корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Радабандии ҷаҳонии футзал аз ФИФА: Тоҷикистон дар қатори 50 кишвари аввал
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 декабри соли 2025
Дар Тоҷикистон қонуни манъи истифодаи сигорҳои электронӣ омода мешавад
Муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба зиндони абад маҳкум шуд
“Барқ доимӣ шавад”. Сокинон аз паёми имсолаи раисҷумҳур ба парлумон чӣ интизорӣ доранд?
Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ доданд
Алиризо Озмандиён, сухангӯи машҳури рушди шахсият ва тиҷорат бори аввал ба Тоҷикистон меояд
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми соли 2024 дода буд, иҷро нашуд ва чаро?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста