Санъат Тоҳирзода, ки қаблан дар вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент кор мекард, муовини раиси шаҳр оид ба идеология ва Эркинҷон Хушвақтзода, ки пештар дар вазифаи раиси ҷамоат фаъолият мекард, муовин оид ба соҳаи кишоварзӣ таъин гардидаанд. Субҳиддин Ҷӯразода муовини нави раиси шаҳри Исфара таъин шудааст.
Аз ҳукумати шаҳри Панҷакент хабар доданд, ки маросими муарифии муовинони нави раис, рӯзи 8-уми феврал, бо иштироки Ғолибҷон Шарифзода, мудири шӯъбаи кормандони дастгоҳи раиси вилояти Суғд сурат гирифт.
Гуфта мешавад, ки вазифаи муовини идеологӣ се сол қабл аз тарафи ҳукумати кишвар таъсис ёфт ва то имрӯз касе дар ин вазифа дар шаҳри Панҷакент таъин нагардида буд.
Акнун вазифаи дигар - муовин оид ба корҳои идеологӣ ба кор оғоз кард, ки дар назар аст сарпарастии азҳоби сиёсӣ, ВАО, ҷавонон, бахши танзим ва анъана ва ҷашну маросимҳо ва САҲШ-ро ба зима гирад.
Қаблан дар ҳукумати шаҳри Панҷакент 4 муовини раис: муовини аввал (оид ба саноат ва сохтмон), иқтисодиёт, соҳаи ичтимоӣ ва кишоварзӣ мавҷуд буд.
Санъат Тоҳирзода дорои ду маълумоти олӣ: омӯзгорӣ ва менеҷер - иқтисодшинос буда, 41 сол дорад. Пештар, дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳам кор кардааст.
Хушвақтзода Эркинҷон хатмкардаи Донишгоҳи аграрӣ бо ихтисоси зоотехник аст ва 51-сола мебошад. Қаблан ҳамчун раиси хоҷагии деҳқонӣ ва роҳбари ҷамоати деҳот дар шаҳр кор кардааст.

Муовини нави раиси шаҳри Исфара ҳуқуқшиноси 42-сола буда, зодаи шаҳр ва хатмкардаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мебошад.
Ӯ қаблан ба ҳайси мутахассис ва сармутахассиси шуъбаи иҷтимоиёт, фарҳанг ва робита бо ҷомеа, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои ҳукумати Исфара кор кардааст. То таъин шудан ба вазифаи муовини раиси шаҳр ба сифати ҷонишини директори ҶС “Осоишгоҳи Зумрад” фаъолият дошт.
Гуфта мешавад, ки муовинони нави раисони шаҳри Панҷакенту Исфара бо мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва дар асоси қарори раисони шаҳр таъин гардидаанд.
Қаблан, дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар дода буд, ки дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба вазифаҳои муовини якум, муовинони раиси шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Балҷувон, Носири Хусрав, Хуросон, Ш. Шоҳин, Шаҳритус, Восеъ, Дӯстӣ ва Ҷайҳун кадрҳои нав таъйин гардиданд.
Раиси нави вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо кадрҳои навтаъин мулоқот карда, гуфтааст, барои иҷрои саривақтии вазифаву уҳдадориҳо, дастуру супоришҳо тамоми донишу маҳорати худро истифода кунанд.




Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста