Таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 феврал ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти кишвар доир ба масъалаи вазъи муқовимат ба таҳдиду хатарҳои муосир ва чораҳои тақвият бахшидан ба таъмини амнияти давлат ва суботу оромии ҷомеа баргузор гардид.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, зимни кори ҷаласа зикр шуд, ки вобаста ба вазъияти минтақа ва ҷаҳон масъалаҳои муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм аҳаммияти торафт мубрам пайдо карда истодаанд.
Дар робита ба ин, сохтору мақомоти дахлдор вазифадор карда шуданд, ки корро ҷиҳати иҷрои талаботи «Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ба таври ҷиддӣ ҷоннок намоянд.
Зимни таҳлили вазъияти воқеии минтақа ва ҷаҳони муосир роҳбари давлат таъкид кард, ки дар шароити ҳассоси имрӯза таҳкими амнияти миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву иҷтимоии ҷомеа барои давлатдории мо аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.
Вобаста ба масъалаи маблағгузории терроризм ва пешгириву ошкор намудани чунин амали хатарнок, ки вақтҳои охир боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст, ба Бонки миллӣ супориш дода шуд, ки назорати риояи қонунгузориро дар фаъолияти бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ, хусусӣ ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ҳангоми пешбурди амалиётҳои бонкӣ пурзӯр намояд.
Сипас Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов доир ба вазъи воқеии таъмини амният ва суботу оромӣ дар кишвар ҳисобот дод.
Ба роҳбарони сохторҳои низомӣ супориш дода шуд, ки навсозии техникии Қувваҳои Мусаллаҳро тезонида, 70 иншооти инфрасохтори сарҳадӣ, аз ҷумла дидбонгоҳҳои сарҳадиро, ки бунёд шуда истодаанд, бо тамоми таҷҳизоту шароити зарурӣ соли ҷорӣ ба истифода супоранд.
Дар назди роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҳама гуна ҷинояткориву қонуншиканӣ, таъмин кардани амният ва волоияти қонун, тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва омодабошии ҷузъу томҳои низомӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва хизмат барои хизматчиёни ҳарбӣ, тарбия ва интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти афсарону сарбозон, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ ва қонунияту тартибот вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Роҳбари давлат махсус таъкид кард, ки бо дарназардошти вазъи ҷаҳони муосир бояд ба масъалаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, ҳисси баланди миллӣ ва пешгирӣ кардани шомилшавӣ ба ташкилоту ҳаракатҳои ифротӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин роҳбарону шахсони масъул ва аъзои Комиссияи давлатии таъсисдодашударо бори дигар вазифадор намуд, ки барои бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиии як рӯз пеш дар шаҳри Хоруғ рухдода, аз ҷумла бо маводи ғизоӣ, либоси гарм ва дигар ашёи зарурии рӯзгор таъмин намудани оилаҳои зарардида тадбирҳои фаврӣ андешанд.
Рустами Эмомалӣ барои чор соли дигар президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардид
Кобусе бо номи колхоз. Нигоҳе ба бунёди колхозҳо дар Тоҷикистони Шӯравӣ ва паёмадҳои он дар рӯзгори мардумони он замон
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2024
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста