Имрӯз, 28 март таҳти раёсати сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода маҷлиси навбатии Ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ”Ховар”.

Дар маҷлиси ҳукумати мамлакат нахуст вобаста ба масъалаи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 ҳисоботи вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода шунида шуд.

Завқӣ Завқизода
Сурат аз khovar.tj

Таъкид гардид, ки бо мақсади таъмини иҷрои босифат ва саривақтии қарори ҳукумат “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024” ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуда, нақша-чорабиниҳо таҳия гардидааст.

Роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки то фарорасии мавсими сармо ҷараёни омодасозии иншооти таъйиноти энергетикӣ, саноатӣ, иҷтимоӣ ва захирасозии сӯзишворию маводи зиддилағзишро барои таъмини бемушкилии барқу гармӣ ва фаъолияти муназами соҳаи роҳу нақлиёти мамлакат дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 вусъат бахшанд.

Аз ҷониби аъзои ҳукумат ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2023 ва ҷудо намудани ҳиссаи (квотаи) истифодабарии объектҳои олами ҳайвоноти ёбоии ба Китоби сурхи Тоҷикистон шомилшуда дар солҳои 2023-2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

1/7

Лоиҳаи як қатор қонунҳо ва хулосаҳои ҳукумати ҶТ ба онҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонунҳои ҶТ «Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» ва лоиҳаи Кодекси фазои ҳавоии ҶТ барои муҳокима ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба лоиҳаи Созишномаи байни ҳукумати ҶТ ва ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба маблағҳои қарзии Фонди рушди ҳамкории иқтисодӣ, лоиҳаи ёддоштҳои табодулӣ байни ҳукумати ҶТ ва ҳукумати Ҷопон дар доираи Барномаи волонтёрони Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ баррасӣ шуд.

Дар маҷлис Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, Барномаи давлатии рушд ва таҳкими заминаи илмию таҷрибавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 қабул карда шуд.