Панҷ сол пеш, 19 апрели соли 2018 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳоро ба қонун «Дар бораи молияи давлатӣ» қабул намуд, ки дар он таъсиси Фонди Пешвои миллат ва маблағгузорӣ ба фонд аз ҳисоби буҷет пешбинӣ гардида буд.
Тағйироту иловаҳои воридшуда пас аз анҷоми дигар расмиёти ҳатмии давлатӣ аз 17 майи соли 2018 мавриди амал қарор гирифтанд.
Лекин интиқоли маблағ ба фонд ва ба фаъолият пардохтани он танҳо баъди ваколатҳояшро супурдани президенти ҳозира оғоз мегардад.
Вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Шоҳмурод зимни суханронӣ он замон назди вакилон доир ба ин масъала изҳор дошта буд, ки ҳамасола аз ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ 0,2 фоиз маблағҳо ба ин Фонд гузаронида мешаванд.
Вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Шоҳмурод зимни суханронӣ он замон назди вакилон доир ба ин масъала изҳор дошта буд, ки ҳамасола аз ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ 0,2 фоиз маблағҳо ба ин Фонд гузаронида мешаванд.
Масалан, агар имрӯз ин фонд амал мекард, ба он 74 млн сомонӣ (ҳудуди 6,8 млн доллар) маблағ гузаронида мешуд.
Тартиби истифодаи маблағҳои Фондро худи Пешвои миллат, яъне президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муайян мекунад ва дар назар аст, ки он ба амалисозии мақсадҳои хайру эҳсон равона мегардад.
Ду фонди гуногун
Бархе зери мафҳуми Фонди Пешвои миллат Фонди захиравии президенти Тоҷикистонро мефаҳманд, ки чунин нест.
Байни ин фондҳо умумияте вуҷуд дорад, масалан, ҳар ду аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ шуда, пулҳо ба чорабиниҳои хайрияву эҳсон равона мегарданд, лекин ба ҳар ҳол, ин ду фонди гуногун аст.
Барои маблағгузорӣ ба Фонди захиравии президенти Тоҷикистон ҳамасола 1,5% аз ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ ҷудо мешавад. Дар буҷети соли 2023 барои маблағгузорӣ ба Фонди захиравии президент 495,4 млн сомонӣ (45,4 млн доллар) пешбинӣ шудааст.
Фонди захиравии президент вазифаи фонди субот ва ба эътидол оварданро иҷро мекунад. Маблағҳои он метавонанд ба эҳтиёҷоти аввалиндараҷа, инчунин чорабиниҳои хайрия равона шаванд.
Масалан, моҳи майи соли 2020 дар шароити пандемияи коронавирус дар кишвар аз ҳисоби Фонди захиравии президент барои пардохти иловагӣ ба маоши кормандони тиббӣ 12,4 млн сомонӣ ҷудо шуд.
Ғайр аз ин, ҳамасола аз ҳисоби буҷет инчунин Фонди хароҷоти ғайричашмдошти ҳукумати Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад. Аз буҷети соли равон барои маблағгузории ин фонд 123,8 млн сомонӣ (11,3 млн доллар) ҷудо мешавад.
Даргузашти Саидмурод Мардонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори шинохта
Дар Тоҷикистон аввалин Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик ба фаъолият оғоз кард
Роҳбари нави БДА кист ва ӯ бояд кадом мушкилиҳои мубрами ин сохторро ҳал кунад?
Сарраёсати маорифи Душанбе бори дигар аз манъи ҷамъоварии пул барои таъмири мактабу кӯдакистонҳо таъкид кард
Парлумони Тоҷикистон Шартнома оид ба сарҳад миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро тасвиб кард
Ҷасади 6 муҳоҷири тоҷикро аз Қазоқистон ба Тоҷикистон равон карданд
Ситораҳои футболи Тоҷикистон аз ситораҳои футболи Русия шикаст хӯрданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 4
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 майи соли 2025
Ҷавобгарии ҷиноӣ барои "лайк" бекор шуд. Бо ин ҷурм ба зиндон рафтагон озод мешаванд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста