Омодагии ҳамаҷониба ҷиҳати дар сатҳи баланди тадорукотӣ баргузор кардани як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ яке аз масъалаҳое буд, ки дар машварати кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар кори машварат аъзои ҳукумат, роҳбарони сохторҳои Дастгоҳи иҷроияи президент, ёрдамчиёни президент, роҳбарони як қатор идораву кумитаҳои давлатӣ, раиси ВМКБ, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок карданд.

Гуфта мешавад, аз ҷумлаоид ба рафти корҳои омодагӣ барои баргузории Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки рӯзҳои 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, сарвазири мамлакат, раиси Кумитаи тадорукот Қоҳир Расулзода гузориш дод.

Дар кори машварат масъалаҳо вобаста ба рушди бахшҳои иқтисоди миллӣ, вусъати корҳои ободонӣ ба хотири истиқболи сазовори ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар тадбирҳои ободонию созандагӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ, вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани чорабиниҳои ба нақша гирифташуда, омодабошӣ ба маъракаи зимистонгузаронӣ, захираи кофии маводи сӯзишворӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва ғайра супоришҳои мушаххас дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.