Дар сафари расмии дурӯзае, ки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Русия дошт бо Владимир Путин, Президенти Русия мулоқот намуд.
Пас аз ин мулоқот Владимир Путин ҳамтои тоҷикашро бо ордени “Барои хидмати Ватан”, дараҷаи III, сарфароз гардонд ва баъдан, миёни ду давлат бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ имзо шуданд.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон бо Михаил Мишустин, раиси ҳукумати Русия низ вохӯрӣ карда, вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, энергетика ва кишоварзиро баррасӣ намуд.
Дар ин мавод муҳимтарин нукоти гуфтушунидҳои Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путину Михаил Мишустин гирдоварӣ шудааст.
- Омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон дар беш аз 4 ҳазор муассисаи таълимӣ ҳатмӣ аст.
- Русия ҳамасола барои харидории китобҳои дарсӣ ба мактабҳои русии Тоҷикистон 200 млн рубл ҷудо мекунад.
- Теъдоди квота барои донишҷуён ва аспирантони тоҷик дар Русия барои солҳои 2024 - 2025 то 1000 адад зиёд карда мешавад.
- Барои таъсиси маркази таълиму тарбияи кӯдакони лаёқатманд ва Театри драмавии русӣ дар Тоҷикистон ҳукумати Русия мутаносибан 4 миллиард (ҳудуди 45 млн доллари ИМА) ва 3,5 миллиард рубл (ҳудуди 40 млн доллари ИМА) ҷудо мекунад.
- Дар Русия 1,2 млн муҳоҷири корӣ фаъолият мекунанд.

- Дар донишгоҳҳои Русия беш аз 35 ҳазор донишҷӯ ва аспирантҳои тоҷик мехонанд, ки ҳудуди 25,5 ҳазор нафари онҳо дар асоси буҷет таҳсил мекунанд.
- Дар Тоҷикистон 800 кон ва зуҳуроти канданиҳои фоиданок кашф шудаанд ва аз доираҳои тиҷоратии Русия даъват шуд, ки дар коркарди ин захираҳо ҳамкорӣ намоянд.
- Ширкати “Газпромнефт” дар Тоҷикистон панҷ анбори нафт ва 44 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дорад.
- Корпоратсияи “Росатом” тарҳи бозсозии як макони саноатии коркарди уранро дар Тоҷикистон анҷом дода, омодааст, бо дар дигар масоили марбут ба истифода аз фанновариҳои ҳастаӣ бо ҳадафҳои сулҳомез, бахусус дар соҳаи тиб ҳамкорӣ кунад.
- Дар 9 моҳи соли 2023 муомилоти моли мутақобила 20% афзоиш ёфта, беш аз 90 миллиард рубл ё 10 миллиард сомониро ташкил дод.
- Ҳаҷми сармоягузории Русия ба иқтисоди Тоҷикистон аз 148 миллиард рубл (тақрибан 1 млрд 680 млн доллари ИМА) гузашт.
- Дар гузашта Тоҷикистон барои истеҳсоли уран сармояи зиёде гузоштааст ва то ҳол бо Русия барои дафн кардани боқимондаҳои он кор идома дорад. Конҳо зиёд ва бозор ҳам калон аст.
- Эмомалӣ Раҳмон Владимир Путинро барои анҷоми як сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват кард.




Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?
Сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки ба ришвагирӣ гумонбар буд, бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод шудааст
Як бунёди аврупоӣ ба ширкати “Шоҳин Эйрлайнз” беш аз $200 млн сармоягузорӣ мекунад
Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста