Имрӯз, 12-уми феврал Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як фармон 23 додрас ё судяро аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод ва онҳоро дар минтақаҳои дигар ба ҳайси додрас таъин кард.

Хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад, ки “раиси суди вилояти Суғд, раиси суди шаҳри Кӯлоб, раисони судҳои ҳарбӣ дар гарнизонҳои Душанбею Хуҷанд,  раисон ва муовинҳои раиси суд ва судяҳо дар як қатор шаҳру ноҳияҳо кадрҳои ҷавону варзида ва болаёқат таъин гардиданд”.

Раисҷумҳури аз додрасҳои нав “доир ба баррасии саривақтии парвандаҳои ҷиноятӣ, диққат ҷиддӣ додан ба арзу шикоятҳои мардум, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини волоияти қонун супоришҳои қатъӣ” додааст.

Ҳамин тариқ, бо фармони президент додрасҳои зерин аз вазифа озод ва ба дар дигар минтақа додрас таъин шудаанд:

1. Ҳоҷизода Мирзошариф Мирзораҳмат аз вазифаи раиси суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод гардида, раиси суди вилояти Суғд таъин шуд.
2. Муҳиддинзода Баҳодур Бобохон аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон озод гардида, раиси суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таъин гардид.
3. Нурализода Сафарбек Маҷид аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе озод гардида, раиси суди ноҳияи Ҷайҳун шуд.
4. Сафарзода Диловар Амиралӣ аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ озод гардида, раиси суди ноҳияи Панҷ таъин гардид.
5. Саидшозода Зафар Сафаралӣ аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Хуҷанд озод гардида, раиси суди ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон шуд.
6. Сангинзода Ғайрат аз вазифаи раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣозод гардида, раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин гардид.
7. Бурҳониён Маъруфҷон аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд озод гардида, раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин шуд.
8. Кабирзода Сарфароз Мизроб аз вазифаи муовини якуми раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ озод гардида, раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ таъин гардид.
9. Шарифзода Рудоба Ҳомиддин аз вазифаи муовини раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе озод гардида, раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе таъин шуд.
10. Раҳмон Ҷурахон Қурбоналӣ аз вазифаи раиси суди ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон озод гардида, муовини якуми раиси суди шаҳри Хуҷанд шуд.
11. Аҳмадзода Акрам аз вазифаи судяи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд озод гардида, раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд таъин гардид.
12. Зарифӣ Фахриддин Наҷмиддин аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд озод гардида, муовини раиси суди вилояти Суғд таъин шуд.
13. Абдуғафорӣ Анварҷон аз вазифаи раиси суди шаҳри Конибодом озод гардида, судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) таъин гардид.
14. Пирумшозода Бахтиёр Улфатшо аз вазифаи судяи суди шаҳри Роғун озод гардида, судяи суди ноҳияи Ванҷ таъин шуд.
15. Искандарзода Шаҳриёр аз вазифаи судяи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд озод гардида, судяи суди вилояти Суғд таъин гардид.
16. Мирзозода Собир Зайдулло аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ озод гардида, судяи суди шаҳри Душанбе таъин шуд.
17. Муқимӣ Анис Аминзод аз вазифаи судяи суди шаҳри Турсунзода озод гардида, судяи суди шаҳри Душанбе таъин гардид.
18. Шарифзода Саидхоҷа Шарифхоҷа аз вазифаи судяи суди ноҳияи Сино озод гардида, судяи суди шаҳри Роғун таъин шуд.
19. Ширинзода Джурабек аз вазифаи судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ озод гардида, муовини раиси суди шаҳри Ҳисор таъин шуд.
20. Эркинзода Отабек аз вазифаи судяи суди ноҳияи Зафаробод озод гардида, судяи суди ноҳияи Ашт таъин гардид.
21. Абдуллозода Шерзод аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ашт озод гардида, судяи суди ноҳияи Зафаробод таъин шуд.
22. Иброҳимзода Исроил Исмоил аз вазифаи судяи суди ноҳияи Қубодиён озод гардида, судяи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд таъин шуд.
23. Назри Муҳаммадвали судяи суди ВМКБ таъин шуд.

Додрасҳои нав
Хадамоти матбуотии президенти ҶТ

Тағйироти густурдаи кадрӣ дар низоми додгоҳии кишвар дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар фаъолияти мақомоти қудратиро дар вилояти Хатлонро интиқод карда, супориш дода буд, ки роҳбарияти ин ниҳодҳо аз вазифа озод шаванд.

Дар пайи ин интиқод, роҳбарияти мақомоти қудратӣ дар ин вилоят ва чанде аз муовинону сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказии ВКД, Додситонии кул, КДАМ ва Оҷонсии зиддифасод низ барканор ва ҷои онҳо шахсони дигар таъин шуданд.

Дар ҷаласаи Шӯрои амният дар робита ба фаъолияти додгоҳҳои кишвар ҳарфе набуд ё буду расонаӣ нашуд. Вале тавре дида мешавад, тағйирот дар ин низом низ оғоз шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.