Имрӯз, 15-уми апрел, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дод ва чанд нафарро аз вазифа озод карда, нафарони дигарро ба вазифаҳои нав таъин кард.
Аз ҷумла, бо фармони президент, Қосим Роҳбар аз вазифаи раиси шаҳри Ҳисор озод гардид. Ӯ дар ин вазифа аз 27-уми январи соли 2022 фаъолият дошт.
Бояд гуфт, ки Қосим Роҳбар яке аз кадрҳои собиқадор ҳукумат дониста мешавад аз соли 1994 дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда, аз ҷумла раиси шаҳри Хуҷанд, раиси вилояти Суғд, вазири кишоварзӣ ва раиси Кумитаи рушди маҳал кор кардааст.
Дар матни фармони раиси ҷумҳур сабаби аз вазифа озод шудани Қосим Роҳбар зикр нашудааст ва маълум нест, ки ӯ ба кадом вазифа таъин гардидааст ё не.
Ба ба ҷойи ӯ Ҷаббор Носирзода, ки то имрӯз ба ҳайси муовини якуми вазири кишоварзии Тоҷикистон кор мекард, раиси шаҳри Ҳисор таъин гардид. Ӯ пештар дар вазифаҳои раиси ноҳияи Шаҳринав ва муовини вазири кишоварзӣ кор кардааст.

Ҳамчунин, бо фармони президент Билол Иброҳим аз вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе озод шуд. Ӯ дар ин аз 28 январи соли 2019 кор мекард. Пештар аз ин, ӯ дар вазифаи раиси шаҳри Роғун ҳам фаъолият кардааст.
Ба ҷойи ӯ Сафар Олимзода таъин гардид. Оид ба корномаи Олимзода маълумоти бештар дастрас нест.
Дар идома, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аъламхон Наимӣ, бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид. Ӯ қаблан дар вазифаи сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Ба ҷойи ӯ Фирдавс Ҷалолзода муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.
Инчунин, Исломиддин Раҳмон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Ӯ пештар дар вазифаҳои муовини раиси бонки “Амонатбонк” ва раиси ноҳияи Данғара кор кардааст.
Ӯ дар ин вазифа Абдулмаҷид Муминзодро иваз кард, ки моҳи январи соли ҷорӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар таъин шуда буд.
Имрӯз ҳамчунин, Зоир Раҳмонзода ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» таъин гардид ва дар ин вазифа Илҳом Амонзодаро иваз кард.




“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола
Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста