Волидайни Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори тоҷик, ки моҳи феврали соли равон бо гумони “хиёнат ба давлат” 8 сол равонаи зиндон шуд, бо ирсоли як мактуб аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостаанд, ки баҳри озодии ӯ иқдом кунад.
Нусхаи ин мактуб аз номи Зокир Ҳакимов ва Махсуда Шаропова, падару модари ин рӯзноманигор рӯзи 3-юми май, дар Рӯзи озодии матбуотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.
Дар мактуб гуфта шудааст, ки Рухшона Ҳакимова дар муҳити солим ва дар оилаи омӯзгорони соҳибмаърифат “бо эҳтирому дӯст доштани арзишҳои миллӣ ва рӯҳияи ватандӯстиву инсондӯстӣ” ба воя расидааст.
Зокир Ҳакимов Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, директори пешини макотиби №2 ва №5 шаҳри Конибодом, хидматчии давлатӣ, корманди собиқи шаҳрдории Конибодом ва маъюби гурӯҳи 2-юм аст. Махсуда Шаропова муаллимаи дараҷаи олии литсейи №1 буда, ҳоло нафақахӯри соҳаи маориф мебошад.
Онҳо аз Рухшона Ҳакимова тавсиф карда, гуфтаанд, ки мактаби миёна ва донишгоҳро бо дипломи аъло хатм карда, гирдандаи стипендияи президентӣ буд.
Таъкид гардидааст, ки “Рухшона аз касби интихобкардааш ифтихор дошту бо як азми нек фаъолияти хешро идома медод” ва ҳамаи фаъолияташ дар доираи қонунгузории кишвар буд.

“Мо, волидайн бо камоли боварӣ гуфта метавонем, ки фарзандамон Рухшона дар ҳеҷ ваҷҳ даст ба хиёнат намезанад, чунки ӯ дар оилаи Омӯзгорон (волидон ҳар ду муаллиманду ҳоло маъюб ва нафақахӯр. Зиёда аз 40 сол ба тарбияи насли наврас машғуланд) таваллуд ва тарбия ёфтааст”,- гуфта мешавад дар нома.
Волидайни Рухшона Ҳакимова аз Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, ки ба парвандаи ӯ таваҷҷӯҳ зоҳир карда, барои “хулосаи адолатмандона баровардан” мусоидат намояд.
“...бо камоли эҳтиром ба Шумо муроҷиат намуда, хоҳиш ва илтиҷо дорем, ки нисбати қисмати фарзандамон Ҳакимова Рухшона ва фарзандони ширхори ӯ, ки ба меҳру навозиши Модар ниёз доранд, таваҷҷуҳ карда, ҳамчун Пешвои муаззами миллат баҳри озодии ӯ иқдом менамудед”, - омадааст дар мактуб.
Қаблан, як гурӯҳ занони журналист ҳам бо исроли як нома аз Эмомалӣ Раҳмон хостори бозбинии ҳукми ӯ шуда буданд.
Рухшона Ҳакимоваи 31-сола, ки 2 кӯдаки хурдсол, яке 9-моҳа ва дигари 2-сола дорад, дар доираи “парвандаи табадуллот” аз сӯйи Додгоҳи олӣ барои “ҳамиштирокчӣ дар ҷинояти хиёнат ба давлат бо истифода аз мақоми хизматӣ” (моддаи 305, қисми 2, банди “в”) гунаҳкор гардида, 8 сол зиндонӣ шуд.
Дар аввал ӯ бо далели доштани ду кӯдаки хурдсол дар озодӣ буд, аммо ҳамаи аснодаш мусодира ва ҳаққи тарки ҷойи зисташро надошт. Пас аз содир шудани ҳукм, рӯзи 5-уми феврал Рухшона Ҳакимова аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд. Зинаи кассатсинонӣ ҳукми додгоҳи зинаи аввалро бетағйир гузошт.
Баъдан дар аввали моҳи апрел мақомот қариб 230 ҳазор сомонии Рухшона Ҳакимоваро, ки барои харидории хона ҳамроҳи шавҳараш ҷамъ карда буд, мусодира карда буданд.
Рухшона Ҳакимоваро рӯзи 22-юми апрел аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) ба зиндони занонаи шаҳри Норак интиқол доданд.





Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста