Душанбе. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар мулоқоти ёвари котиби давлатии ИМА оид ба муборизаи байнулмилалӣ бо маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ Вилям Браунфилд бо мақомоти раҳбарии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон нақшаи ҳукумати ИМА бобати кӯмак ба Тоҷикистон дар пешгирии қочоқи маводи нашъаовар ва ҳамчунин таҳкими муҳофизати марзҳо баррасӣ шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентии мазкур хабар доданд, директори агентӣ Рустам Назаров намояндаи Департаменти давлатии ИМА-ро бо вазъи мубориза бар зидди маводи мухаддир дар ҷумҳурӣ, чораҳои андешидаи ҳукумати кишвар дар ин самт ва фаъолияти агентӣ шинос намуд. «Ёвари котиби давлатии ИМА роҳандозии ҳамкории мутақобила дар ин самтро муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ҳукумати ИМА ба мусоидат ба Тоҷикистон дар мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла таъсиси воҳидҳои нав дар агентӣ омода аст. Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаи сохтмони маркази омӯзишӣ дар агентӣ оид ба такмили ихтисоси кормандони сохторҳои мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро низ баррасӣ карданд», - гуфтанд дар агентӣ.
Номбурда гуфтааст, ҳамкории мутақобилаи ҳукумати ИМА бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз ахири солҳои 90-уми асри гузашта оғоз ёфта, дар ин давра ҳукуматдорни ИМА ба агентӣ ҷиҳати таъминот бо воситаву таҷҳизоти техникӣ ва беҳбуди сатҳи тахассусии кормандон кӯмак расонидаанд.
"Бо иштиҳои том!" Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Асад Маҷид Хон
Сармураббии дастаи футболи Тоҷикистон барои шикаст аз Белорус узр пурсид
“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ
Боздошти се “корманди ҳифзи ҳуқуқ” барои ғорати сокинон
Кумитаи дин: Имсол Рамазон 29 рӯз ва Иди Фитр 30-юми март аст
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Боздошти як фурӯшанда барои фиреби харидорон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 марти соли 2025
Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста