Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милиса Рустам Назаров сафири Финландия дар Тоҷикистон хонум Туулу Юрёларо ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентии мазкур хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ ба баррасии масъалаи лоиҳа дар бораи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Финландия таҳти унвони «Баробарҳуқуқӣ дар назди қонун – роҳи расидан ба адолат дар Осиёи Марказӣ» таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда шуд.
Директори АНМН ба дипломати Финландия перомуни вазъи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ин самт маълумоти муфассал дод.
«Сафир муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Финландия дар масоили ҳуқуқӣ, аз ҷумла дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандонро қаноатбахш арзёбӣ намуд. Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар изҳори умедворӣ карданд», - афзуд манбаъ.
Чӣ гуна мақомоти Тоҷикистон бо ифлосшавии ҳавои атмосфера мубориза мебаранд?
Футболбози африқоӣ забони тоҷикиро омӯхт ва муваффақ шуд. Ӯ кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 8 декабри соли 2024
Биогумус: истеҳсоли нурии органикӣ дар Тоҷикистон
UNICEF: Танҳо 32% духтарон дар Тоҷикистон синфҳои 9-11 мехондаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 7 декабри соли 2024
Бензин дар Тоҷикистон гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст
Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд
Барои гузоштани риши бенизом, мунозираҳои сиёсӣ... Чаро даҳҳо афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд?
Дар Твер кор барои муҳоҷирон дар 46 соҳа манъ шуд. Боз дар кадом минтақаи Русия чунин маҳдудият ҷорӣ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста