Дар арафаи Соли нав дар шаҳри Ногински вилояти Маскави Русия шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи деҳаи Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Раҳмон Тошматови 24-сола кушта шуд.
Ӯ аз дасти ҳамдиёри худ Шералӣ Абдураимови 26-сола, ки дар манзили иҷора бо ҳам иқомат доштанд, ба қатл расонида шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, Р.Тошматов бар асари ҷароҳат бардоштани мағзи сараш ба ҳалокат расидааст. Бо қарори суди шаҳри Ногинск гумонбаршуда Шералӣ Абдураимов ба ҳабс гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 29-уми декабр ба намояндагӣ боз як ҳамдиёри фавтида – Манучеҳр Собиров муроҷиат намуда, дархост кардааст, ки дар интиқоли ҷасади марҳум ба ватан мусоидат намоянд.
«Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар барасмиятдарории тартиботи интиқоли ҷасад, дастрас кардани билети ҳавопаймо ба хоҳари марҳум Парвина Қодирова ҷиҳати ҳамроҳӣ кардани тобут ба ватан мусоидат намуд», - таъкид кард манбаъ.
Ҷорӣ гардидани пардохтҳои ғайринақдӣ сатҳи коррупсияро кам кард?
Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабр паёми худро ба парлумон ироа мекунад
БОР пешгӯии рушди иқтисоди Тоҷикистонро бо сабаби афзоиши вуруди пул боло бурд
Ҳубара ё дуғдоғ. Парандаи соли 2025 дар Тоҷикистон интихоб шуд
Такмили эътимод ва мубориза бо хабари дурӯғ. Баррасии ҳамкории котибони матбуотӣ ва рӯзноманигорон дар Душанбе
“Шарикии рақамӣ”: Дар Суғд IT-форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Кумаки яквақта ба зиёда аз 112 ҳазор оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон
Фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳои Русия қабул намешаванд?
“Ӯҳдадор нестам...” Чаро вакилони парлумон аз шарҳи мавзуҳои муҳими ҷомеа худдорӣ мекунанд?
Осорхонаи Садриддин Айнӣ ба феҳристи маконҳои сайёҳии Бухоро дохил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста