Дар силсилаамалиётҳое, ки кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар анҷом доданд, шаш нафар ба гумони ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир гардиданд, ки ду нафари онҳо барои содир кардани ҷиноят пеш суд шуда буданд.
Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи агентии мазкур хабар доданд, кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон дар натиҷаи гузаронидани амалиёти оперативӣ шаҳрванди 30-солаи шаҳри Қурғонтеппаро бо маводи сахттаъсири героин дастгир карданд.
Дар вақти гузаронидани чорабиниҳои иловагӣ онҳо шарики ӯ-сокини 29-солаи Қурғонтеппаро, ки оиладор ва соҳиби ду фарзанд будааст, дастгир карданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз кисаи ӯ маводи мухаддир мусодира гардид.
Кормандони Раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯии Агентӣ дар шаҳри Душанбе шаҳрванди 31-солаи пойтахтро бо маводи нашъаовари навъи ҳашиш дастгир намуданд.Вай оиладор ва соҳиби як фарзанд буда, барои содир кардани ҷиноят бо моддаҳои 244 қисми 2 КҶ ҶТ, яъне дуздии такрорӣ ва расонидани зарар, суд шуда будааст.
Дар шаҳри Чкаловск кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд дар ҷараёни баргузории амалиёти оперативӣ як гурӯҳи муташаккилро ба гумони ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир ва аз онҳо бангдона мусодира намуданд. Як нафар дастгиршуда сокини 38-солаи ноҳияи Мастчоҳ, оиладор, соҳиби чор фарзанд буда, қаблан суд нашудааст. Шарики ӯ зодаи ноҳияи Сарбанди вилояти Хатлон аст, ки бо оила ва 5 фарзандаш дар шаҳри Чкаловск зиндагӣ мекунад. Тафтишот муайян кард, ки вай соли 2011 барои тасарруфи амвол ва қаллобӣ бо моддаҳои 245 ва 247 қ. 4 банди “б” КҶ ҶТ суд шуда будааст.
Ҷавоне, ки дар шаҳри Хоруғ ният дошт мухаддирот савдо кунад, аз ҷониби кормандони Раёсати Агентӣ дар ВМКБ дастгир шуд. Ӯ дорои маълумоти миёнаи касбӣ ва муҷаррад буда, қаблан суд нашудааст. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз кисаи ӯ чор ғилофаки коғазӣ пайдо карда шуд, ки ҳар кадоми он дорои моддаи сафеди зардчатоб буданд. Тибқи хулосаи лабораторияи ташхиси судии Раёсати Агентӣ маводи мусодирашуда героин буда, барои фурӯш омода шуда буд.
Ҳамаи дастгиршудагон ба тавқифгоҳҳои Агенӣ ворид карда шуданд ва нисбати аъмоли содиркардаи онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд. Муфаттишони Шӯъбаи тафтишотии Агентӣ барои муайян кардани шарикони ҷиноии дастгиршудагон ва сарчашмаҳои дарёфти мухаддирот чораҳои иловагиро идома медиҳанд.
Акнун соҳибони скутерҳо ҳам бояд рақами давлатӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирӣ гиранд
“Пас аз мову ту ҳам олам чуноне буд, мемонад...” Ёде аз Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ҳусейн Насриддинов
Меъёрҳои ҷойгиркуниии маълумот дар бораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия тасдиқ шуд
Тоҷикистон бо манзараҳои беҳтарини табиӣ дар Осиё соҳиби ҷоиза гардид
“Ташнаи коргар”: Дар Русия эҳтиёҷ ба қувваи корӣ зиёд мешавад
Дар Исфара ва Хоруғ нерӯгоҳи барқи офтобӣ месозанд
Даъвати Хадамоти алоқа: Меҳмононро бо интернети суръаташ на кам аз 100 мбит/с таъмин кунед!
Қатъи фаъолияти маркази дилхушии “Париж” ва оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати роҳбараш
Барои ҳозир нашудан ба комиссариати ҳарбӣ аз шаҳрвандии Русия маҳрум карданд. Чӣ бояд кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “ Машварат бо душмани хирадманд"
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста