Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва сардори Ситоди кулли Артиши мардумии озодихоҳи Чин Чэн Бинде имрӯз дар маросими гузоштани хишти аввал ба сохтмони бинои Хонаи афсарон дар пойтахт иштирок карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, барои сохтмони бинои шашошёнаи Хонаи афсарони Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҷониби Чин 90 млн. юан (тақрибан 14 млн. $) маблағ ҷудо кардааст.

Ба иттилои манбаъ, сохтмони иншоотро ширкати чиноӣ ба ӯҳда гирифта, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 200 нафар бинокорон ҷалб мешаванд, ки 80%-и онҳоро шаҳрвандони Чин ташкил хоҳанд дод. Интизорӣ меравад, ки Хонаи афсарон пас аз якуним сол ба истифода дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, қабл аз оғози маросими мазкур Шералӣ Хайруллоев ва Чэн Бинде гуфтушунид анҷом доданд. Дар гуфтушунид масоили марбут ба рушди ҳамкории низомӣ ва низомӣ-техникии дуҷониба, омодасозии кадрҳои афсарӣ барои Тоҷикистон дар макотиби олии низомии Чин матраҳ шуданд.

Ёдрас мекунем, ки сардори Ситоди кулли Артиши мардумии озодихоҳи Чин генерал-полковник Чэн Бинде имрӯз бо сафари расмии серӯза ба Тоҷикистон ташриф овард.

Дар ҷараёни сафар дидору гуфтушуниди намояндаи воломақоми артиши Чин роҳбарони як қатор мақомоти қудратӣ ва намояндагони ҳукумати ҷумҳурӣ дар назар аст.