Дар шаҳри Маскав боз як ҷисми сарбуридаи шаҳрванди 24-солаи тоҷик, сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Аҳтамшо Шарифов дарёфт шуд.
Тавре аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия хабар доданд, ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон аввали моҳи октябр дар назди яке аз биноҳои якошёнаи техникӣ, дар гузаргоҳи Заревои пойтахти Русия дарёфт шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят сокини 28-солаи шаҳри Маскав Алексей Суворов боздошт гардида, нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
«Кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Маскав мунтазам бо мақомоти тафтишот дар тамос буда, ҷараёни таҳқиқи ҳодисаро пайгирӣ мекунанд», - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав хабар доданд, ки сафорат ҷараёни тафтишоти парвандаи ҷиноии мазкурро таҳти назорат қарор додааст.




“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 7
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста