Пас аз вохӯрӣ бо сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон генерал-лейтенант Рамил Нодиров сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия генерали артиш Валерий Герасимов дар ҷамъи журналистон изҳор намуд, ки Русия дар ҳамдастӣ бо Тоҷикистон баҳри таъмини суботу устуворӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз тамоми имконот истифода хоҳад кард.
Дар идома генерали воломақоми рус зикр кард, ки барои мавриди амал қарор додани мувофиқаҳо дар масоили низомӣ, ки зимни сафари президенти Русия ба Тоҷикистон тирамоҳи соли гузашта ҳосил шуда буд, Вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистону Русия гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, имрӯз дар Душанбе ҷаласаи навбатии ин гурӯҳҳо баргузор шуд.
Сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ бори дигар омодагии Русияро дар муҷаҳҳаз сохтани Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо техникаи муосири низомӣ изҳор намуд.
«Ман таъкид месозам, ки миёни кишварҳои мо мушкилоте нестанд, ки ҳалли онҳо ғайриимкон бошад», - иброз дошт вай, вале аз шарҳи бо кадом навъи аслиҳа ва ба кадом маблағ муҷаҳҳаз сохтани Артиши Тоҷикистон худдорӣ варзид.
Имрӯз ҳамчунин мулоқоти Герасимов бо вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев доир гардид. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо маҷмӯи масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста