Соати 06-у 07 дақиқаи субҳи имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази обуҳавошиносии шаҳри Душанбе хабар доданд, маркази заминларза дар 260 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, дар қаламрави Афғонистон воқеъ буд.

Ба иттилои манбаъ, қувваи заминларза дар маркази он 4 балл ва дар шаҳри Душанбе 2-3 баллро ташкил дод. Талафоти ҷонӣ ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудаанд.