Дар муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат, воқеъ дар 20 километрии шарқи Душанбе аз фирори як маҳбус ҷилавгирӣ карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Одинашо Муродов дар ин робита хабар дод, сокини шаҳри Турсунзода, Иззатулло Шодиеви 29-сола, ки мутобиқи моддаи 244, қ. 2-и КҶ ҶТ (Дуздӣ) ба 3 соли зиндон маҳкум шуда буд, кӯшиши фирор аз маҳбасро карда, вале се нафар сарбозони хизмати ҳатмии дар посгоҳ қарордошта аз ин воқиф шудаанд.

«Баъди ба инобат нагирифтани ҳушдори посбонону аз роҳ нагаштан, ба сӯи ӯ оташ кушода шуда, ӯ аз пояш захмӣ шуд ва дарҳол ба муассисаи тиббии тобеъи муассиса бистарӣ гардид», - иброз дошт Муродов.

Ба қавли ӯ, айни замон тафтишоти ҳодиса ҷараён дошта, акнун муҳлати ҷазои маҳбус ба таври қобили мулоҳиза зиёдтар хоҳад шуд. «Се нафар сарбози саҳмдошта дар боздошти маҳбуси фирорӣ барои хизмати шоёну ҳушёрӣ зоҳир намудан, пеш аз муҳлат аз хизмати ҳарбӣ рухсатӣ шуданд», - афзуд номбурда.